Пас аз мурдан номи некаш ҷовидон монд…
Дар Ашт мактаберо ба ифтихори забоншиноси пуровоза Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карданд
Дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд мактаберо ба номи забоншиноси пуровоза ва варзидаи тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карданд. Ин маросим, имрӯз баргузор шуд, ки дар он фарзандону пайвандони марҳум Камолиддинов, раиси ноҳияи Ашт ва шуморе аз фарҳангиёну зиёиёни ноҳияи Ашт ва вилояти Суғд ширкат карданд.
Аз ин пештар дар Ашт хиёбонеро ҳам ба ифтихори Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда буданд.
Тасмим дар бораи ба номи Баҳриддин Камолидов номгузорӣ шудани муассисаи таълимии шумори 37-и ноҳияи Ашт пештар ҳосил шуда, вале имрӯз маросими номгузории он расман баргузор шуд. менигорад Азия плюс.
Дар ин маросим раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, собиқадори меҳнат ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд Бахриддин Ахмедов, директори мактаб Машҳура Қодирова ва писари професори марҳум Фаридун Камолиддинов зимни суханронӣ, аз хидматҳои гаронарзиши Баҳриддин Камолиддинов барои илму фарҳанги тоҷик, хусусан рушд ва покии забони давлатӣ ёд карданд ва ӯро яке аз донишмандони тирози аввали илми забоншиносии тоҷик ном бурданд, зикр намудааст муаллиф.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ