Журналист, сиёсатшинос. Саидмурод Фаттоҳзода кист?
Имрӯз, 15 ноябр Саидмурод Фаттоҳзода, собиқ муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳоло вакили парлумони кишвар ба синни пайғамбарӣ расид.
Саидмурод Фаттоҳзода зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ соли 1981 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ломоносовро хатм кардааст. Баъдан, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рӯзнома, сиёсатшинос бо дипломати аъло хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1981 дар нашрияи Ҳизби коммунисти вақт «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси мухбир оғоз шудааст. Баъдан, ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад, аз соли 1984 то соли 1986 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст.
Солҳои 1987—1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
Дар давоми солҳои 1991 то 1993 дар оғози Истиқлол дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт.
Солҳои 1993—1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994—2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шуд. Аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид.
Сипас муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ҳоло раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аст. Ӯ дорои як қатор унвонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ