Боз тирпарронӣ дар марз

Сарбозони қирғиз барои пешгирӣ аз қочоқи ғайриқонунӣ дар марз бо Ӯзбакистон ба ҳаво тир шилик карданд. Дар ин бора Sputnik  дар такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ҳодиса дар маҳаллаи Таза-Сууи ноҳияи Акси вилояти Ҷалолобод рух додааст. Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳудуди 50 сокини деҳаи Оқ-Добо кӯшиш карданд, чанд чорворо ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

“Дар кишвари ҳамсоя шариконашон интизори қочоқчиён буданд”, — қайд кардааст манъ.

Марзбонони қирғиз ба ин нақша халал расонданд. Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки фавран аз иқдоми худ даст кашанд, аммо ба гуфтаи низомиён сокинон ба ҳарфҳои онҳо эътибор надод.

Сипас марзбонони қирғиз аз силоҳи худ истифода бурда, ба хаво се тир холӣ карданд. Пас аз ин, ба ҷои ҳодиса низомиён ва сарҳадбонон ноҳияи Аксӣ ҳозир шуданд. Мақомот бо нафароне, ки марзро вайрон карданд, музокира карда, баъд онҳоро раҳо карданд.

Чанде баъд марзбонон дар ҳамин маҳал як шаҳрванди 27-солаи Қирғизистонро боздошт карданд, ки мехост 16 сар чорворо барои интиқол ба Ӯзбекистон ба мошинаш бор мекар.

Намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар барои мубориза бо қочоқ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло вазъ дар марз мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *