Дар сарҳад чӣ гап? Чаро низомиёни пойгоҳи 201-и Русия ба марзи Тоҷикистон рафтанд?

Неруҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми октябр, барои тамрин ба размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Мумирак” дар наздикии марзи Афғонистон рафтанд. Қарор аст рӯзҳои наздик дар ин ду размоишгоҳ тамрини навбатии неруҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шавад.

Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия гузориш дод, ки неруҳои пойгоҳи 201 аз қароргоҳҳои доимиашон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар озими рамзоишгоҳҳо шудаанд.

Қарор аст аз 10 то 23 октябр дар минтақаҳои наздик ба марзи Афғонистон, неруҳои СПАД се размоиш баргузор кунанд. Дар ин размоишҳо ширкати беш аз 2,7 ҳазор сарбозону афсарон дар назар аст.

Аҳднома барои баргузории размоишҳо дар наздикии марзи Афғонистон рӯзи 16-уми сентябр дар ҷараёни дидори роҳбарони СПАД дар Душанбе ба миён омада  буд. Кишварҳои узви ин созмони зери нуфузи Русия баъди дубора ба қудрат расидани Толибон аз вазъи Афғонистон нигаронии зиёд доранд. Бахусус Тоҷикистон, ки бо ин кишвар беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *