1ТВ тафсилоти пулдуздии Ғаниро гуфт
Пеш аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон сегонаи берун овардани пул аз ин кишвар ташкил шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии 1TV бо такя ба “Толибон” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, дар берун овардани пул аз Афғонистон тайи як ҳафта, пеш аз фирори Ғанӣ дастгоҳи президент, дафтари амниятӣ ва ноиби аввали ӯ Амруллоҳ Солеҳ иштирок доштаанд.
Шабакаи 1TV хабар додааст, ки Ғанӣ як моҳ нақшаи фирор аз кишварро кашид. Ба иттилои рӯзноманигорон, чархболи президенти собиқи Афғонистон баъди бепосух мондани дархосташ аз ҷониби Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафта, аз он ҷо ба АМА сафар кардааст.
Расона таъкид кардааст, ки се соат қабл аз фирор Ғанӣ ба Солеҳ дархости ҳамроҳӣ фиристодааст, аммо ӯ рад кардааст.
“Толибон”* қаблан талаб карданд, ки Ғанӣ пулҳои дуздидаашро баргардонад, ки ба гуфтаи намояндагони ин гурӯҳ, ҳудуди 170 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғанӣ иддаоро дар мавриди пулдуздиро рад кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ