Раҳмоналӣ Эмомов

Журналисти Телевизиони Хатлон Раҳмоналӣ Эмомов даргузашт

Имрӯз Раҳмоналӣ Эмомов — журналисти собиқадори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ аз солҳои 2000-ум ҳамчун мухбир ва муҳаррири Телевизиони Хатлон фаъолият мекард. Марҳум дар замони фаъолият муаллифи барномаҳои “Чашмаи Хуршед”, Чароғаки роҳнамо”, “Соҳибватан”, “Кишоварз” будааст. Ҳамзамон, барои барномаи иттилоотии “Ахбор” гузориш омода мекардааст.

Раҳмоналӣ Эмомов соли 1958 таваллуд шудааст. Наздиконаш гуфтанд, ки марҳум аз саломатиаш шикоят надошт ва субҳ барои ба кор рафтан омода мешуд. Мутаассифона, соати 9-и имрӯз ҷон ба ҷонофарин супорид. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар вақти намози аср, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мешавад.

Идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият мекунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *