гол

Месси голи 700-умро дар сатҳи клуб зад

“ПСЖ” дар чемпионати Фаронса бар «Марсел» ғалаба карда, Месси голи 700-умро дар сатҳи клуб зад.

Футболбозони “Пари Сен-Жермен” дар сафар дар бозии даври 25-уми чемпионати Фаронса бар “Марсел” пирӯз шуданд.

Вохӯрӣ дар “Марсел” бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Килиан Мбаппе ду гол (дақиқаҳои 25-ум ва 55-ум) ва як голи дигарро Лионел Месси (дақиқаи 29) ба самар расониданд.

Ҳамлагари аргентинӣ голи 700-умини худро дар сатҳи клуб зад. Месси дар ҳайати «Барселона»-и Испания 672 гол ва дар ҳайати ПСЖ 28 гол задааст.

Бо ин ҳисоб Мбаппе, ки ҳамдастаи ӯ дар тими миллии “ПСЖ” аст, дар ҳайати дастаи “Париж” 200 гол зада ва ба нишонзани беҳтарини “ПСЖ” Эдинсон Кавани баробар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *