Ҳукм: Мард барои қатли духтари 11-солааш 25 сол зиндонӣ шуд

Суди шаҳри Душанбе нисбати сокини 67-солаи шаҳри Душанбе Гурез Саидов барои ба қатл расонидани духтари 11-солааш 25 сол ҳукми зиндон таъйин кардааст. Дар ин бора Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, “падари сангдил Гурез Саидов асояшро, ки дар дохили ҳуҷра гузошта шуда буд, гирифта, бо бераҳмии махсус ба қисмати сару рӯй, дасту пой, шикам ва танаи Мадинаи хурдсол чандин маротиба зарбаҳои сахту ҷонкоҳ мезанад”.

Гумонбар ин корро ба хотири он кардааст, ки дар ҷайбаш 1000 сомонӣ набудааст ва гумон кардааст, ки маблағҳоро духтараш гирифтааст.

Суди шаҳри Душанбе нисбати Саидов Гурез Шарипович бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр ҳукм таъин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *