Журналстони галстукдор

Аз онҳо ба ҳукумат чӣ суд?

11 март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Имсол аз чопи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» 105 сол пур мешавад. Рӯзи матбуот барои ҷомеаи журналистии Тоҷикистон – рӯзи журналистон ва журналистика маҳсуб меёбад. Одат кардаем, ки маҳз дар ҳамин сана бурду бохти ВАО, камбудиву норасоии журналистика ва журналистони тоҷикро гӯем. Матлабе, ки дар зер мехонед, на аз бурду барор аст,  на таҳлили вазъияти ВАО, ки чун анъана дар ин сана мекунем. Ин матлаб доир ба журналистони галстукдор  аст…

Ҷангиёни бесилоҳ

27 -28 феврали соли ҷорӣ Президенти Русия Владимир Владимирович Путин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни ин сафар чун ҳарвақта намояндагони ВАО-и ватанӣ ба «Қасри миллат» даъват гардиданд. «Тоҷикистон»-ро дар ин маросим муаллифи ин сатрҳо намояндагӣ мекард. Як рӯз пеш аз сафари Путин аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ моро даъват кардаву махсус қайд карданд, ки ҳатман либоси расмӣ пӯшем, яъне шиму костюм ва галстук. Чун ба ин талабот одат кардаем, дар вақти муайяншуда шиму костюмҳои рангобарангро чун вазирон пӯшида, галстукҳоро таранг баста, ба «Қасри миллат» ҳозир шудем. Пеш аз ворид шудан масъулин талаботи нав пеш гузоштанд: даровардани телефонҳои мобилӣ қатъан манъ карда шавад. Планшет ва дигар намуди гаджетҳо ҳам мумкин нест, ҷуз мухбирони суратгир ва наворбардорон бо дастгоҳҳояшон ҳуқуқи даромаданро  пайдо карданд.

Телефонҳову дастгоҳҳои сабту пахши иттилоотро ба ҳар васила аз худамон дур кардем ва мунтазири воридшавӣ будем. Ин вақт ду автобуси калон ба Қаср наздик шуд ва тақрибан 50 журналисти рус, ки Президенташонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекарданд, аз он пиёда шуда бо  дастгоҳҳояшон бемамониат дохили «Қасри миллат» гардиданд. Ёдовар мешавем, ки теъдоди журналистони тоҷик камтар аз 30 нафар буд. Ин ҳам 30 нафари бедастгоҳ, амсоли ҷангиёни бесилоҳ…

Бо вуҷуди он, ки бо худ ягон дастгоҳ надоштем, моро борҳо аз кофтуков гузаронида, билохира иҷозати воридшавӣ доданд. Дар толори матбуотии «Қасри миллат» журналистони рус планшету ноутбук ва телефон дар даст, бемалол  кор мекарданд ва аз омодагиҳо барои пешвози Путин гузоришҳо менавиштанд. Мо журналистони тоҷик бошем, аз бекорӣ дилтанг шуда, беист қаҳва менӯшидем ва тӯда-тӯда суҳбат меоростем.

Маросими пешвозгирӣ, суҳбатҳои рӯ ба рӯ, машварату вохӯриҳо, имзои қарордодҳои мухталиф ва изҳороти матбуотӣ то шом тӯл кашид. Мо тоҷикжурналистон дар дохили қаср намедонем, ки расонаҳо дар мавриди омадани Путин чӣ менависанд ва сомонаҳои хабарии мо, чӣ гуна хабар пахш мекунанд. Аммо журналистони рус мустақиман имконияти пахшро доштанд.

Хуллас, санаи 28-ум, яъне як рӯз пас аз маросими қабули Путин мо ба коргоҳ омадем, ки аллакай хабари омадани Путин дар сомонаҳои  мо чарх мезанад ва қариб ҳама аз манбаъҳои русӣ истифода бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки аз  аксари хабаргузориҳои маҳаллӣ  камаш як нафарӣ журналист дар «Қасри миллат» ҳузур дошту аммо  имкони пахши ахбори сареҳро надошт.

Суоле ба  сар мезанад, ки чаро журналистони мо ба чорабиниҳои давлатӣ даъват мешаванд, модоме ки ба онҳо имконияти пахши ахборро намедиҳанд? Сабаб аз ширкати 30-40 журналисти галстукдор дар чорабиниҳо чист? Чаро Путин ҳамроҳаш қариб 50-60 рӯзноманигор меорад ва ин ҳам дар ҳоле,  ки чандин ВАО-и Русия (ИТАР ТАСС, РИА Новости, МИР,  ОРТ,  Russia Tudey) дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд…

Варақаи Наполеон ва идеологияи Путин

Мувофиқи маълумотҳо,  Наполеон Бонапарт, ҳангоми забти шаҳрҳо ҳамеша ҳамроҳи лашкараш дастгоҳҳои чопиро мегардонд ва пеш аз он, ки ба шаҳр ворид шавад,  варақаҳои иттилоотӣ нашр карда, байни мардум тақсим менамуд, то мардуми шаҳрро ба худ моил кунад. Яъне, Наполеон қувваи иттилоот ва қувваи таъсири онро ба хубӣ медонист. Медонист, ки иттилоот василаи муҳими тасарруфи шуури омма ва ба даст овардани боварии халқ аст.

Табиист, ки Путин низ ба қувваи иттилоот эътимод дорад. Истодагарии журналистон ва ВАО-и рус зимни ҳуҷумҳои иттилоотӣ ҳангоми воқеоти Украина ва дигар ҳодисаҳои геополитикӣ далели ин аст. Системаи идеологии Русия ба дараҷае қодир аст, ки тавонистааст ҷомеаи журналистии Русияро атрофи ҳукумат ҷамъ мекунад ва дар пасманзари воқеаҳои сиёсиву геопалитикӣ ҳам ҳукумат ва ҳам ВАО мавқеъгирии ягона дошта бошанд.

Дар сафари охирин  ҳам журналистони рус, ки ҳамсафари Путин буданд, замони пахши ахбор тавонистанд, ки фазоеро бунёд кунанд, ки дар он манофеи Русия пуштибонӣ мешуд ва қудрату азамати он дар минтақа гӯшрас. ВАО-и Русия тавонист, ки ҳамаи мушкилоти Тоҷикистонро дар робита ба ворид нашуданаш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  рабт диҳад ва дар ҷомеаи Тоҷикистон фазоеро бунёд кунад, ки ағлаб тарафдори аъзошавӣ гарданд.

Идеалогияи давлатӣ, дастовардҳои кишвар, фаъолияти ҳукумат танҳо ба воситаи ВАО метавонад ба мардум расонидаву таблиғ шавад.  Аммо вақте ҳукумат бо ВАО муносибати шаффоф ба роҳ намемонад,  журналистонро атрофаш ҷамъ карда наметавонад дар муборизаҳои сиёсӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва  тарғиби ғояи ягонаи миллӣ кӯшишҳояшон барабас меравад. Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон дар мубориза ба ҳуҷумҳои иттилоотии ВАО-и хориҷӣ чунин аст, яъне бенатиҷа.

Магар намешавад,  ки Президенти Тоҷикистон низ  зимни сафарҳо теъдоде аз журналистонро бо худ гирад, то  кӯшишҳои Тоҷикистон ҳам барои устувор кардани мавқеаш дар ҷаҳон дар ВАО-и мо аз нигоҳи худи мо инъикос шавад?

Рӯзи матбуот муборак, журналистони галстукдору бе абзор!

Одили НОЗИР

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *