Зилзилаи шадид дар марзи Тоҷикистону Узбакистон

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Қазоқистон дирӯз 27 июн дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон заминларзаи шадид ба амал омадааст.


Дар ин хусус Кумитаи назорати геологӣ дар Вазорати маорифи Қазоқистон хабар дода, меафзояд, ки бар асоси ҳисоби ҷадвали Рихтер шиддати заминларза ба 5,3 дараҷа баробар будааст.

Сокинони шаҳрҳои Амаато, Чимкент ва Тароз ин заминларзаро эҳсос кардаанд. Қазоқистон мегӯяд, баъди заминларза даҳҳо бори дигар лаппиши замин ба мушоҳида расидааст.

Як рӯз қабл зилзилаи шиддатноке ба амал омад, ки марказҳои зилзилашиносӣ маркази онро ҷануби Қирғизистон эълон намуда, афзуда буданд, ки шиддаташ ба 6,7 дараҷа баробар мебошад. Дар ин хусус Маркази омӯзиши геологии Амрико гуфт, маркази заминларзаи рӯзи 26 июн  122 киллометрии шаҳри Ӯш, наздикиҳои марз бо Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 25 июн низ зилзилаи нисбатан камшиддат, ки макази зилзилашиносии амрико иқтидораш ба ба 4, 5 бал баробар дониста буд, ба амал омад. Дар як ҳафта ин сеюмин зилзила дар қитъаи Осиёи Миён аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *