«Ҳар сол 12 ҳазор мардони тоҷик бо занони рус издивоҷ мекунанд»

Ҳар сол қисмати зиёди мардони тоҷик, ки дар муҳоират дар Русия қарор доранд, бо занони рус издивоҷ мекунанд.


Хабаргузории Спутник, бахши форсӣ бо интишори матлабе бо номи «Издивоҷи Тоҷикистон ва Русия» ба масъалаи издивоҷи мардони тоҷик бо занони рус пардохта аз қавли пажуҳишгарони муҳоҷирати корӣ дар тоҷикистон менависад, ки мардони тоҷик бо ангезаҳои гуногун ба чунин издивоҷ розӣ мешавад: «Теъдодеро ишқ ба дафтари ақди никоҳ мекашонад ва қисме бо ангезаҳои худхоҳона муҳри издивоҷро дар шиносномаҳои худ мезананд.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки мардони тоҷик дар кишвари худ бо нигоҳи суннатӣ аз ақди никоҳи расмӣ худдорӣ мекунанд ва ин далел мешавад, ки бо гирифтани зани рус дар Русия аз кӯмак ба хонаводаи худ дар Тоҷикистон даст кашанд.

Муаллифи ин гузориш аз қавли коршиноси Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон Раҳмон Улмасов, навишааст, ки » Ҳар сол 12 ҳазор тоҷик бо занони рус издивоҷ мекунан ва ташкили хонавода медиҳанд. Далелҳои гуногун ҳастанд, ки муҳимтарини онҳо имкони наздик шудани ҳарчи бештар ба Русия аст. Онҳо аз ин роҳ метавонанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд ва аз имкони бемониа ёфтани кор бархурдор шаванд ва ин бо издивоҷ амнияти шахсии худ ва хонаводаи худро таъмин кунанд.»

Раҳмон Улмасов, ки дар хусуси муҳоҷирони корӣ чандин китоб навиштааст, дар суҳбат бо муаллифи ин гузориш таъид мекунад, ки дар ин авохир волидайни домодҳои тоҷик издивоҷ бо духтарони русро қабул мекунанд ва ҳатто баъзе дар баргузории маросими ақди никоҳ ба писарони худ кӯмак мекунанд: «Аксаран итттифо меафтад, ки  марди тоҷик ҳамари руси худро ба хонаи худ мебарад. Нуктаи ҷолибтар ин аст, ки волидайни ӯ мухолифате бо издивоҷи писарашон бо як рус иброз намекунанд. Агар қаблан мухолифи чандин издивоҷ буданд, ҳоло тасаввури дигаре дар ин замина шакл мегирад. Онҳо мегӯянд, агар духтари шоиста бошад издивоҷ кун ва мо онро ба унвои аруси худ интихоб мекунем»- мегӯяд Раҳмон Улмасов

Ин дар ҳолест, ки мудофеони ҳуқуқи башар ба мардони тоҷик тавсеа медиҳанд, ки уҳдадориҳои худ дар назди хонаводаҳояшонро иҷро кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *