Зиндонбонҳои Хуҷанд боздошт шуданд
19 ноябр 7 корманди зиндони рақами 3, ки дар ҷараёни ошӯби шаби 7 ноябр ҷароҳат бардошта, таҳти табобат қарор доштанд, баъди ҷавоб шуданашон аз беморхонаи вилоятии Суғд аз ҷониби кормандони ШВКД Хуҷанд дастгир карда шуданд.
Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст,ки кормандони милиса ба дастони кормандони зиндон завлона зада, онҳоро бурданд. Рӯзи 19 ноябр суди шаҳри Хуҷанд ҳукми ҳабси Файзуллоҷон Сафарзода, сардори собиқи зиндони рақами 3-ро содир кард. Ӯ ҳафтаи гузашта дастгир шуда буд. Дар ҷараёни ошӯби шаби 7 ноябр ва саркӯби он дар маҳбаси рақами 3 даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Боздошти зиндонбонҳо дар чорчӯби тафтиши парвандаи он ошӯб сурат гирифтааст. Кормандони маҳбас ба хабар надодан ба мақомот дар бораи омодагӣ ба ошӯб, хунукназарӣ ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон, ки оқибатҳои вазнин ба бор овардааст, гумонбар мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ