Прокурор барои Абдусамадов ҷазои ниҳоӣ талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Суди олии Тоҷикистон талаб намудааст, ки Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Талаби прокурор  рӯзи 19-уми ноябр садо додааст.

Мурофиаи қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар бинои Боздоштгоҳи ё СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе аз сӯи судяи Суди  олӣ мегузарад. Ҳарчанд мурофиа боз аст, аммо ба он танҳо вакилони дифоъ ва шоҳидон роҳ дода шуданд.

Прокурор  аз суд талаб кард, ки Ҳусейн Абдусамадов, ҳамчун муттаҳами аслӣ дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ин гурӯҳ аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух мегӯяд. Абдусамадов аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам мешавад

Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *