Зиндони ифротгароён ҷудо мешавад
Бино ба қонуне, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард, аз ин ба баъд афроди муҷрим ба терроризм аз зиндониҳои дигар ҷудо нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.
Қонун дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шуда ва мавриди иҷро қарор гирифтааст.Мақомоти Русия мегӯянд, муқаррароти нав ба онҳое дахл дорад, ки барои мусоидат ба иҷрои таркишҳо, даъват ба терроризм, гаравгонгирӣ ва иштирок дар гуруҳҳои ифротгаро маҳкум шудаанд.Пойгоҳи “Медиазона” рӯзи 28-уми декабр хабар дод, ки қонуни нав барои афроди гунаҳкор ба терроризм маҳдудияти дигаре дар назар гирифтааст. Агар дар гузашта ҳангоми тафтишот як рӯзи боздоштшудаҳо якуним рӯз ҳисоб карда мешуд, ҳоло афроди муҷрим ба терроризм аз он маҳрум гардидаанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ