Сардори бахши кофтукови ҷиноӣ 5 сол гирифт

Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон Рустам Саъдиев, сардори собиқи бахши кофтукови ҷиноии милисаи фурудгоҳи Душанберо ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Саъдиев ҳафтаи гузашта содир шуда, суд  ин корманди дар гузашта баландпояи милисаро бар асоси моддаи 316-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар берун рафтан аз ҳадди ваколат гунаҳкор шинохтааст.

Суд аввал Рустам Саъдиевро шашуним сол ҳукми зиндон додааст, вале вакили Рустам Саъдиев аризаи кассатсионӣ навиштааст ва ин навбат ба далели аз даъвояш даст кашидани даъвогар – майор Ниёзмуҳаммад Алиев – айбномаи Саъдиевро бар асоси моддаи 316 корбаст карда, ҳукмашро аз шашуним ба 5 сол пойин овардаанд. Дар ҷараёни санҷиши хидматие, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон анҷом дод, маълум шуд, ки рӯзи 6 октябр ба муносибати Рӯзи кормандони оперативӣ кормандони милисаи фурудгоҳи Душанбе дар дараи Варзоб як зиёфат ташкил кардаанд ва дар ин зиёфат 13 нафар, бо шумули роҳбарони аввали шуъбаи корҳои дохилии фурудгоҳ иштирок ва арақнӯшӣ кардаанд. Баъди зиёфат як гуруҳи кормандон ба ҷои кор баргаштаанд. Рустам Саъдиев, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, ба кадом сабабе бо зердасташ зодаи ноҳияи Мастчоҳ майор Ниёзмуҳаммад Алиев харшаха карда, ба тарафи ӯ аз пистолет тир меандозад. Алакай рӯзи 10 октябр дар як ҷаласа дар вазорати корҳои дохилӣ ин қазияи тирпарронии байни кормандони милисаи фурудгоҳи Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки 13 корманди милитсия барои таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ ба дараи Варзоб рафта арақнӯшӣ кардаанд ва Рустам Саъдиев аз ҳамон ҷо маст баргашта, ҷангу тирпарронӣ кардааст. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар ҳамон ҷаласа фармон дод, то ҳамаи он 13 нафаре, ки рӯзи 6 октябр дар Варзоб арақнӯшӣ кардаанд, нафақат аз вазифа барканор гарбданд, балки аз сафи мақомоти милитсия ронда шаванд.

Вазир фармон дод, то иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД фурудгоҳ капитан Баҳрулло Бобоев низ аз сафи милитсия ронда шавад. Баҳрулло Бобоев домоди Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ сомонаи Ахбор 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *