КДАМ-и Шоҳмансур соҳиби бинои нав шуд

Биноҳои нави шӯъбаҳои КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ифтитоҳ шуд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки рӯзи 27-уми декабр дар маросими ифтитоҳи ин бино раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин бино бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз сӯи ширкати сохтмонии «Сабр-Аф» бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки бино аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.»Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад»,-омадааст дар хабарҳои расмӣ.Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансурро «тӯҳфаи арзишманд»-и президент Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони амниятӣ дар «Рӯзи кормандони амнияти миллӣ», гуфтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *