Зиёиён ва эҳсонкорон. Чаро миёни инҳо робита нест?
Табиист, ки рушди ин ё он миллат аз сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии зиёиёнаш вобаста аст. Барои собит кардани ин андеша, гумонам, иқтибосе аз бузургони илму адаб овардан шарт нест. Дувум ин ки, ҳар миллатеро аз дараҷаи инкишофи илму фарҳангу ҳунараш мешиносанд ва он миллате дар миқёси олам обрӯву манзалат дорад, ки дар ҳамин се соҳа — илм, фарҳанг ва ҳунар барору пешрафтҳо дошта бошад…
Ин се соҳаи бунёдиро дар тамоми кишварҳои олам дар баробари ҳукуматҳо инчунин фарзандони миллатдӯсти ҳамон кишварҳо сарпарастӣ мекунанд. Аз қадим чунин анъанаву расм буд ва то кунун ҳаст. Аммо дар мамлакати мо назари зиёиён ва ҳам мавқеи ашхоси алоҳида (аҳли сарват, соҳибкорону эҳсонкорону тоҷирон ва ғайра) нисбат ба ин масъала тангу маҳдуд аст.
То ҳол банда нашунидаам ва нахондаам, ки шахси саховатманде ягон лоиҳаи илмиро бо маблағ таъмин карда бошад, ё дар саҳнагузории кадом як намоишномаи театрӣ чизе харҷ кунад ва ё рассому манзаранигору муҷассамасозу дигар намояндагони ҳунарҳои зеборо дастгирӣ карда бошад. Агар бошад ҳам, бениҳоят кам аст.
Таваҷҷуҳи эҳсонкоронро асосан ба мактабу пулсозиву дастгирии ятимону бепарасторон, ошу нон додани мардуми камбизоат ҷалб мекунанд, агар бисёр ҳиммат ба кор равад, чанд каси бечораи бехонаро бо хона таъмин мекунанд.
Албатта, инҳо бе шакку шубҳа, корҳои хайру савобанд ва дар шароити имрӯзаи кишвари мо хеле муҳим ҳастанд, аммо дар ин радиф набояд илму фарҳангу ҳунар низ аз ёдҳо биравад.
Номи шарифи Месенат дар тамоми дунё маълум аст: ин шахси сарватманд ҳомии аҳли адабу фарҳанг дар Рими бостон, дар аҳди император Октавиан Август буд. Бо маслиҳати аҳли зиёи замонаш беш аз панҷоҳ нафар адибону фарҳангиёнро бо замину хонаву асбоби зиндагӣ таъмин кард ва нидо кард, ки “марҳамат, биофареду Римро шуҳраи офоқ гардонед…”.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд: бузургтарин ҳамосаи миллии римиҳоро бо унвони “Энеида” шоиру мутафаккир Вергилий дар ҳамон айём навишт ва тамоми олам донист, ки давлати бузурги Рим аз куҷо сарчашма гирифтааст ва чаро бузург аст… Эҷодиёти ҳамин адибону фарҳангиёне, ки таҳти ғамхории Месенат буданд, давраи тиллоии рушди адабу ҳунари Рим ба шумор меравад…
Ҳамин тавр, Месенат бо харҷи сарваташ дар ҳаққи илму адаб номи худро ҷовидонӣ кард. Афсӯс, ки мо сарватмандони ошкору пинҳон зиёд дорем, аммо Месенат надорем…
Хеле афсӯс мехӯрам, ки ҳатто дар суҳбати аҳли зиё андешаи ҷалб кардани аҳли сарват ба ин тараф, яъне ба ҷониби дастгирии илму фарҳангу ҳунар ҳам нест.
Табиист, ки агар марди сахӣ кори хайре карданӣ шавад, аз чанд зиёӣ маслиҳат мегирад, аммо тангии майдони тафаккури бархе зиёиён имкон намедиҳад, ки эҳсонкорон берун аз масоили обу ғизо тадбире роҳандозӣ кунанд. Як-ду мисол оварданиям: ба наздикӣ ҷашнвораи Аминҷон Шукуҳӣ барпо шуд, аммо бидуни чопи куллиёти адиб гузашт. Магар чопи куллиёти шоир то рӯзи ҷашн имкон дошт? Албатта, дошт. Агар сари вақт масъулини ин ҷашнвора ҳадди ақал ба хешовандону наздикони зиндаёд Шукуҳӣ чунин маслиҳат медоданд. Ба шунидам, пайвандону хешовандони ин адиби зиндаёд метавонистанд (ва имкони молӣ доштанд), ки аз ҳисоби худашон нашри чунин куллиётро маблағгузорӣ кунанд…
Ё дар мавриди устод Муъмин Қаноат. Дақиқан намедонам кист, аммо шахси адабдӯсте аз зодгоҳи шоир, яъне Дарвоз, ҳам осорхона ва ҳам муҷассамаи устод Қаноатро дар Дарвоз сохтааст ва мегӯянд, ки он пайкараи сангин аз намунаҳои бисёр хуби ин навъи ҳунар, яъне муҷассамасозист. Дар ин хусус пештар ҳам навишта будам ва шояд такрораш раво бошад, ки аз он муҷассама дида (бо вуҷуди зебо буданаш) магар чопи куллиёти шоир заруртару лозимтар набуд?
Аз даргузашти устод Муъмин Қаноат панҷ сол сипарӣ шуд, вале то кунун Куллиёти бузургтарин шоирамонро дар даст надорем…
Дар мавриди чанд тан аз удабо ва уламои маъруф, аз қабили Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров ва дигарон низ метавон чунин изҳори назар кард…
Банда то кунун намефаҳмам (ё ақлам намегирад), ки чаро осорхонаи Соҳиб Табаровро дар пойтахт неву дар ноҳияи дурдасти Муъминобод бунёд карданд… Магар муҳаққиқони имрӯза (пӯшида нест, ки аксари муҳаққиқоне, ки ба роҳи таҳқиқи илм мераванд, мутаассифона, камбизоатанд) оё имкони сафар ба ин ноҳия ва муддате дар ин макон зистанро доранд? Албатта, не. Он осорхона агар дар як гӯшаи Китобхонаи миллӣ ҷо мегирифт, ҳазор бор беҳтар буд.
Имсол Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи зебоеро бо номи “Зол ва Рудоба” ба сабқати “Парасту” овард. Чӣ хуб мебуд, агар иддае аз зиёиёни ин вилоят бо чанд эҳсонкори ҳамин минтақа маслиҳат карда, барои такмилу шукуҳмандии ин намоиш чанд танга сарф мекарданд: онро аз сатҳи инсенировка ба драмаи мукаммал табдил мекарданд ва агар ин кор мешуд, бовар дорам, ки Тоҷикистон аз нигоҳи рушди ҳунари театрӣ ном мебаровард ва имкони дар чанд кишвари олам манзур кардани он фароҳам меомад…
Дар масъалаи дастгирии ҳунари наққошиву манзаранигорӣ ҳам вазъ ҳамин аст. Ҳол он ки, ин амал ҳатто дар кишварҳои мутамаддин ва пешрафта як амали муқаррарист…
Рушди ҳунари муҷассамасозӣ низ қариб нонамоён аст: ба шунидам, сохтани чанд муҷассамаро дар хориҷи кишвар фармоиш додаанд, гӯё дар мамлакат чунин ҳунармандон набошанд…
Фикр мекунам, ки барои ин матлаб хулоса ҳам лозим нест… Бояд андеша кард, андеша…
Ҳафиз РАҲМОН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ