Суруди нави Ёсамин Давлатова аз чӣ мегӯяд?

Овозхони ҷавону боистеъдод Ёсамин Давлатова таронаи нави худро бо номи “Ғарм дара” нашр кард.

Суруди “Ғарм дара”-ро дар ютубканали шахсии сароянда дар як шабонарӯз наздики 100 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Таронаи нави Ёсамин Давлатова намоҳанги ҷолибу тоҷикона дорад. Ӯ бо ҷамъи духтарон, кӯдакон ва як писар дар маконҳои хушманзар наворбардорӣ шудааст. Дидани манзараҳои табиӣ барои бинандагон бо садои Ёсамин Давлатова хеле ҷолиб аст.

Аҷобати кор дар он аст, ки шеър, танзимгари садо ва продюсери суруди “Ғарм дара” як нафар бо исми Зайн Шамсиддин аст. Ёдовар мешавем, ки Ёсамин Давлатова аз ҷумлаи овозхонҳое мебошад, ки бо бозхонии таронаҳои маъруфи ҳунармандони саршинос миёни ҷомеаи мо дар муддати кӯтоҳ машҳур гашт ва то имрӯз ин равияи худро давом дода истодаасту таронаҳояшро миллионҳо маротиба гӯш мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *