Зиёвиддини Нурзод

Зиёвиддин Нурзод ба нофаҳмиаш бо Баҳриддин Сабур нуқта гузошт

Овозхон ва рӯзноманигори тоҷик Зиёвиддин Нурзод, ки бисёр кам ба мусоҳибаҳо меравад, ин навбат меҳмони барномаи “Ногуфатҳо”-и Орзу Исоев шуд.

Дар “Ногуфатҳо” Зиёвиддин Нурзод нахуст дар бораи нофаҳмӣ ва ногапӣ бо ровӣ ва продюсери шинохта Баҳриддини Сабур гуфт:

— Баҳриддин маро барои кумак кардан дар навиштани сенарияи як филм даъват кард. Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки нақши асосиро ман иҷро мекунам. Мо сенарияро навиштем. Аз миён чанде гузашт ва ман фаҳмидам, ки филм сабту таҳия шуда, нашр гардид. Ман ба хонаи Баҳриддин рафтам ва ба чашмонаш нигоҳ карда, гуфтам, ки ин гап дуруст аст? Ӯ нигоҳашро гурезонд ва ман ба хона баргаштам. Хулоса ҳамин, ки Баҳриддин бисёр бачаи хуб, журналисти хуб, блогери хуб аст ва мардонавор бахшиш пурсид. Мард онест, ки барои гуноҳаш бахшиш мепурсад ва ӯ ин корро кард. Мо ҳоло муносибати хуб дорем.

Дар идомаи суҳбат атрофи образи ғамгинонаи Зиёвиддин Нурзод дар саҳна сухан рафта, меҳмон мегӯяд, ки бо вуҷуди шӯх буданаш, мардум ӯро ҳамин гуна ғампарвару ғамдор қабул кардаанд. Ҳатто ба ёд меорад, ки дар консерте рақс кардааст ва ҳаводоронаш ҳайрон шудаанд.

Сипас Зиёвиддин аз давраи душвори зиндагиаш гуфта, ҳодисаи ҷолибро нақл мекунад:

— Мо як ҳамсоя доштем бо номи Шодӣ ва ӯ нонвойхона дошт. Ману бародарам дар нонвойхонаи ӯ кор мекардем. Ман ҳар шаб то 3 халта ордро хамир мекардаму бародарам завола мегирифту нонпаз мепухт ва пасон ман дар ароба нонҳоро назди бозор меовардам. Рӯзе ҳангоми фурӯхтани нонҳо ду-се нафар силоҳбадастон омада, ҳудуди 150 нонро дар халтаҳо бор карда бурданд. Ман бошам, барои ҷуброни зарари расида ба нонвойчӣ тақрибан 1 моҳи дигар бе пул кор кардам. Инчунин, Зиёвиддин Нурзод дар бораи падару модар, хоҳар ва бародаронаш гуфта, махсусан муносибаташро бо ҳамсарони ояндаи падараш қайд мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *