Зиёвиддини Нурзод: Дар зодрӯзам гиря кардам
Ҳафтаи гузашта яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳангу ҳунари тоҷик, журналисти варзида ва овозхони машҳур Зиёвиддини Нурзод ҷашни милод дошт. Ин сарояндаи булбуловоз бо садои дардолудааш дар дили ҳазорон-ҳазор ошиқони савту наво маъво гирифтааст ва мухлисони сершумораш мехоҳанд донанд, ки ин ҳунарманди шӯҳратёр чӣ рӯзу рӯзгоре дорад. Бо нияти муборакбодии ҷашни зодрӯзаш мо ба хонаи дуюми Зиёвиддини Нурзод-Радиои Тоҷикистон рафта, дар рӯзи милодаш низ ин эҷодкори фидокорро машғули эҷод ёфтем. Сӯҳбати мо бо Зиёвиддин хеле самимӣ ва ҷолиб сурат гирифт ва инак, аз боғи андешаҳои ин марди ҳунар чанд хӯшаеро манзури шумо — хонандагони азиз мегардонем.
— Зиёвиддин, дар саҳифаи Фейсбук таваллудатон 25-уми январи соли 1980 сабт шудааст. Ин санаи воқеии рӯзи милодатон аст?
— Рӯзу моҳи таваллудам дуруст аст, вале дар мавриди сол каме ғалат рафтааст. Албатта ҳастанд одамоне, ки ба хотири худро ҷавонтар нишон додан ин корро мекунанд, масалан замони донишҷӯии мо духтаре буд, ки ҳар сол шиносномаашро иваз мекард. Вай аз мо се сол калон буд ва мехост ҷавон буданашро исбот намояд. Аммо ман ин корро ба хотири ҷавонтар нишон додани худ накардаам. Синну соли банда ҳам ба ҷое расидааст, ҳарчанд буруз намедиҳем, вале аз назари банда синну сол аҳамият надорад, агар чунин намебуд, як марди 25-30 сола ба зани 65-70- сола ошиқ намешуд ё баръакс. Ба гумони ман чизе, ки одамонро бо ҳам мепайвандад, меҳр асту муҳаббат.
— Пас, зодрӯзатонро сидқан муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки ҳамеша чунин ҷавон, ошиқ ва комёбу муваффақ бошед.
— Ташаккур. Сипосгузорам, ки маро қадр карда, ба табрикам омадед.
— Маъмулан ситораҳо зодрӯзашонро хеле пуршукӯҳ ва пуршӯру шар мегузаронанд. Шумо ҷашни милодатонро чӣ гуна таҷлил мекунед? Имсол аввалин шахсе, ки Шуморо бо зодрӯзатон табрик кард, кӣ буд?
— Ман зодрӯзамро ҳар сол ҳар хел таҷлил мекунам, гоҳо бо ёру дӯстон, гоҳе дар тарабхонаҳо бисёр бо шукӯҳ, гоҳи дигар дар ҳалқаи аҳли оила, вале росташро гӯям, имсол милодамро қариб аз ёд бурдаам. Шоми 24 –уми январ мисли ҳаршаба бо фарзандонам дар хона нишаста будем ва ҳеҷ омодагие барои ид надоштем. Соат тахминан 12 ё 12.01-и шаб буд, ки якбора барқ хомӯш шуд. Табъам хира шуд, ки боз барқро хомӯш карданд ва агар то саҳар барқ нашавад, фарзандонам хунук мехӯранд, вале баногоҳ як рӯшноӣ пайдо шуд ва ман дидам, ки ду феерверк ҷонибам омада истодааст. Аввал дар ғазаб шуда, хостам ба сарашон дод занам, ки чаро ба ҷойи шамъ фурӯзон кардан ин корро кардаанд, зеро оташаш беҳад баланд буд ва ҳарос доштам, ки хона оташ мегирад, вале вақте фарзандонам як қандидани калон дар даст “Зодрӯз муборак, дадаҷон!” гӯён, бо лабханд маро муборакбод гуфта, бӯсаборон карданд, он қадар хурсанд шудам, он қадар хурсанд шудам, ки ногуфтанӣ…
— Яъне, фарзандонатон ба шумо “сюрприз” карданд?
— Бале ва ин яке аз беҳтарин “сюрприз”-ҳо дар ҳаёти ман буд.
— Чанд фарзанд доред ва бачаҳоятон чандсолаанд?
— Писари калониам Меҳробиддин 21 сол дорад ва дар курси 4-уми Донишгоҳи тиббӣ буҷавӣ мехонад. Духтарам Шаҳноз дар Донишкадаи дизайнерӣ мехонад ва ӯ ҳам аз ҳисоби давлат таҳсил мекунд. Фарзанди сеюмам Гулноз дар синфи 11 мехонад ва ҳоло дарси иловагӣ мегирад. Писари хурдӣ Муҳаммадҷон синфи 7 аст.
— Беҳтарин тӯҳфае, ки дар ҷашни зодрӯзатон гирифтаед?
— Мухлисони ман хеле самимӣ ҳастанд ва боиси ифтихор аст, ки маро ҳамчун як узви оилаи худашон-бародаронаю хоҳарона дӯст медоранд, масалан шумо боре дидаед, ки як зани солхӯрда аз сари ихлос ба ҳунарманди дӯстдоштааш дар рӯзи барномаи консертиаш нон орад. Боварӣ дорам, ки надидаед! Аммо дар консерти банда ин ҳолат буд. Як мухлисам дар барномаи консертиам ба ман ду дона нони гарми танӯрии бо дасти худаш пухтаашро овард, ки аз он нонҳо бӯйи деҳа, бӯйи модар, бӯйи муҳаббати модарона меомад. Ин болотар аз ихлос, болотар аз эҳтиром, ин як далели муҳабати ниҳоят самимӣ аст, ки шахс танҳо ба одами наздиктаринаш раво мебинад.
— Ва он ду дона нон барои шумо беҳтарин тӯҳфа буд?
— Ин фақат як мисол аз муҳаббати самимии мухлисонам буд, вагарна тӯҳфаҳои гирифтаам чунон зиёданд, ки барои ҳамаи онҳоро номбар кардан чанд саҳифа лозим мешавад. Туҳфаҳои қиматбаҳо низ хеле зиёд буданд, вале беҳтарин тӯҳфае, ки имсол дар зодрӯзам гирифтам, ин табрикоти яке аз мухлисони самимиам Нусратулло Бобоев ва бародарам Ризо Нуров дар фейсбук буд, ки маро ба гиря оварданд.
Нусратулло навиштааст:
Агарчӣ дар ҳама дунё бас ошно дорам,
Дар ин миёна, хушам, ки яке туро дорам.
Ту он ягонарафиқӣ, ки орзу бикунанд,
Худо расонд туро, меҳрубон Худо дорам.
Дар ин ғарибсаро, то туӣ, ғариб наям,
Ту то ба хонаи дил ҷо диҳӣ, саро дорам.
Худо ҳамеша ҳавои туро ба сар гирад,
Ки ман ҳамеша ба ҳар ҳарфи ту ҳаводорам.
Ба гоҳи хастагии ҷон суруди ту доруст,
Мабод хаста садоят, к-аз он даво дорам.
Рафиқи хуби маниву рафиқи хуби туям,
Ҳамон қадар ки Тило дорӣ, ман Зиё дорам.
Додарам Ризо бошад, маро беҳтарин бародари дунё хонда, барои бепарвоиҳош бахшиш пурсидааст. Маро бисёриҳо дар фейсбук бо ҷашни зодрӯзам муборакбод гуфтаанд ва аз ҳамаашон миннатдорам, вале вақте сатрҳои ин ду нафарро хондам, оби чашмонам беихтиёр ҷорӣ шуданд ва ба Нусратулло навиштам, ки дар 47 соли умрам бори аввал дар зодрӯзам зери таъсири суханони шумо гиристам. Дар ҷавоб навиштанд, ки магар фақат шумо дар консертҳоятон одамонро гирёнда метавонед…
— Худи шумо ба ҳамсаратон дар ҷашни зодрӯзаш ва иду айём чӣ туҳфа мекунед?
— Кӯшиш мекунам, ки беҳтарин ҳадяро барояш тақдим намоям, вале ҳамсарам бисёр зани хоксор, оромтабиат ва шикастанафс аст. Сарфи назар аз он ки туҳфаи барояш харидаам чӣ қадар арзиш дорад, онро бо лабханд қабул карда, раҳмат мегӯяд. Тиллову бриллиант харам ҳам, аксуламалаш тано як лабханд асту як дона гул туҳфа кунам ҳам, бо як лабханд ва ташаккур изҳори миннатдорӣ мекунад.
— Ҳамсаратон оромтабиат бошад, пас шумо марди хушбахт будаед, чунки аксаран ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ аз сергапию айбҷӯии зан сар мешаванд…
— Ростӣ, баъзан аз ҳад ором будани ҳамсарам маро ба ғазаб меорад, чунки ман шӯру шар мехоҳам. Ҳамеша ба ҳамсарам мегӯям, ки инсон бояд ҳамеша аз худ дифоъ карда тавонад. Вақте чизе ба ноҳақ мегӯям, ту ҳам бояд садо баланд кунӣ, бояд аз худат дифоъ намоӣ, вале тамкин ва оромӣ хислати модарзодии ӯст ва ҳамеша сукут меварзад.
— Боз кадом хислатҳоятон аз ҳамдигар фарқ мекунанд?
— Ҳамсарам дӯст медорад, ки ҳама чиз дар ҷойи худаш бошад, вале ман рангорангиро мепарастам. Ҳамин ки вақти холигие ёфтам, ба бачаҳо мегӯям, ки биёед ҷойи мебелҳоро иваз мекунем, ба қавле интерери хонаро тағйир медиҳем, чунки ҳатто иваз кардани ҷойи гулдон ҳам муҳитро тағйир медиҳад, табъи инсонро болида месозад. Кас худро дар олами дигар эҳсос мекунад…
— Ба чунин хислатҳои муттафовут чӣ гуна зери як бом зиндагӣ мекунед?
— Хислатҳоямон комилан фарқ дошта бошанд ҳам, мо дар зиндагӣ хеле хуб бо ҳам забон меёбем. Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад албатта ва баъзан гапи ману занам ҳам мегурезад, вале ёд надорам, ки беш аз як рӯз бо ҳам қаҳрӣ шуда бошем.
— Гапатон гурезад, кӣ аввалин шуда оштӣ мекунад?
— Ман одати қаҳрӣ шудан надорам, саҳар ҷанҷол карда бошем ҳам, бегоҳ, ки аз кор баргаштам, боз бо ҳамсарам гап мезанам ва ӯ ҳам тавре вонамуд месозад, ки гӯё байнамон ягон гап нагузаштааст.
— Шудааст, ки аз рӯйи бонувони мухлисатон байни шумо ва ҳамсаратон ҷангу ҷанҷол сар зада бошад?
— Хушбахтона, синну соли мухлисони ман аз 25-сола боло аст. Аксарияташон оиладор, соҳиби хонаву дари ободанд ва маро мисли як бародар, мисли фарзанди падарашон дӯст медоранд. Ёд дорам, дар як барномаи консертиам, ки дар толори Сирк мегузашт, борони хеле сахт борид. Дилтанг будам, ки дар чунин рӯзи боронӣ касе ба консерт намеояд. Бо димоғи сӯхта ҳамроҳи ровии барнома берун баромадам ва чашмам ба анбӯҳи одамон афтид, ки дар зери борон давон-давон ба сӯйи сирк меомаданд. Дар байнашон як зани калонсол низ буд, ки сар то по тар шуда буд. Рафиқам пурсид, ки “хола, шумо аз куҷо меоед?” Зан ҷавоб дод, ки аз шаҳри Кӯлоб. “О дар чунин ҳавои боронӣ чаро худро азоб дода омадед, охир дар хона мешиштед, намешуд?” гуфт дӯстам ҷониби ман чашмак зад. “Эй бачаме, Зиёвиддини Нурзод барои ман ранги фарзандай, барои бачам аз осмон борон не, санг борад ҳам, мебиёям” гуфт зан дар ҷавоб. Суханони он зани солманд маро бисёр дилгарм карданд ва барнома олиҷаноб гузашт. Аз ҳаво гӯё касе сатил-сатил об мерехт, аммо толор чунон пур буд, ки ба қавле сӯзанро партоӣ, ба замин намерасид. Мухлисони ман ана ҳамин хел самимӣ ҳастанд ва муҳаббати онҳо ба ман нерӯи эҷодӣ мебахшад.
— Боз кадом лаҳзаҳои аҷиб аз барномаҳои консериатон дар ёдатон нақш бастаанд?
— Дар консерти охиринам вақте аз саҳна ба толор фаромадам, чашмам ба як кӯдаки маъюб афтид, ки дар толор менишаст. Барқсон аз дилам гузашт, ки шояд ин бечора дар умраш ягон бор рақс накарда бошад. Ӯро ба саҳна баровардам. Як мухлисам ба ман гулҳои садбарги Голландӣ туҳфа карда буд, ки бисёр қимат ҳастанд. Ин гулҳои қиматбаҳоро барг-барг карда, ба сараш гул пошидам. Ман суруд мехондаму вай рақс мекард. Аҳли толор ба дасти ин кӯдаки маъюб қабза-қабза пул оварда медоданд. Бо дидани ин манзара ба дарёдилӣ ва ҳиммати баланди мардуми тоҷик бори дигар қоил шудам. Аслан гап дар пул ҳам нест, вале боварӣ дорам, ки он кӯдаки маъюб як умр он лаҳзаҳоро фаромӯш нахоҳад кард.
— Зиёвиддин, шумо аллакай ҳамчун журналист ва санъаткор ба камол расидаед. Мегӯянд, ки мард баъди 40-солагӣ ба камол мерасад ва нигоҳаш ба зиндагӣ дигар мешавад…
— Шояд дар асл ҳамин тавр бошад, вале зиндагӣ маро хеле барвақт пир кард. Ҳамагӣ 19 сол доштам, ки модари меҳрубонам аз сар рафт. Марги модар маро даҳсолаҳо пир кард, зеро баъди сари модар чӣ будани дарду алам, чӣ будани доғҳои ҷигарсӯзи зиндагиро фаҳмидам.
— Албатта модар барои ҳар як инсон беҳтарин ҳадяи Худованд ва аз даст доданаш дарди ҷонсӯзест, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад, вале биёед дар ин рӯзи фирӯз, ки милоди шумост, аз ғаму дард сухан нагӯем. Муносибатҳоятон бо ҳампешагонатон чӣ гуна аст?
— Хеле хуб аст, масалан аз Садриддини Наҷмиддин сар карда, то Валиҷон Азизов қариб ҳамаи сарояндагон имрӯз маро бо ҷашни милодам муборакбод гуфтанд. Журналистон аз дигар шабакаҳо ба муборакбодиам омаданд.
— Пас, чаро хеле кам дуэт месароед?
— Баръакс бисёр месароям, вале бо ҳунармандоне, ки онҳоро хеле кам мешиносанд.
— Чаро бо ситораҳо нею бо ҳунармандони навроҳ дуэт месароед?
— Фикр мекунам мардум маро як андоза мешиносанд ва дӯст медоранд, аз ҳамин хотир мехоҳам ба ҷавонон кӯмак расонам, то ки бо ҳамин роҳ онҳо ҳам шинохта шаванд. Ҳадафам танҳо дастгирии ҷавонон аст.
— Ҳамеша муваффақ, хушбахт ва саршори неруи эҷодӣ бошед!
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ