Кумитаи дин

770 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба ҷашну маросимҳо

Дар самти ҷашну маросимҳо 770 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 405 ададро тӯйҳои арӯсӣ ташкил медиҳанд.

Ин нукта аз ҷониби Олимзода Фаррухулло Кароматулло — муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид.

— Сол аз сол шумораи қонуншиканиҳо нисбат ба ҷашну маросимҳо меафзояд. Дар соли 2022, мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 770 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин теъдод 10 парванда қатъ карда шуда, вобаста ба 760 ҳолати боқимонда қарори дахлдор бароварда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои таъингардида 3 миллиону 470 ҳазору 372 сомониро ташкил медиҳад,- афзуд мавсуф.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *