Зодагони Тоҷикистон: Фурӯшандаро кушта, мағозаро ғорат кардаанд
Ҷинояти пурсарусадо дар дурбинҳои назоратии дӯкон сабт шуд ва гумонбарон боздошт гардидаанд.
Дар шаҳри Истраи вилояти Маскав ба дӯкони хӯроквории «Пятерочка» ҳамла сурат гирифта, як фурӯшанда кушта шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ҳодиса шаби 9-уми феврал дар яке аз дӯконҳои деҳаи Новопетровскоеи Истраи вилояти Маскав рух додааст. Гуфта мешавад, ки пулис фавран ба ҷустуҷӯи ҷинояткорон шуруъ кард.
Ҳамлагарон хазинадорро кушта, ду касро латукӯб кардаанд. Чаҳор нафар аз гумонбаршудаҳо аллакай боздошт шудаанд, ки ҳамаи онҳо зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамаи ғоратгарон аз 19 то 24-сола мебошанд. Онҳоро аз деҳаи Чесноково пайдо кардаанд.
Сабти видеоҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна афроди ниқобпӯш вориди супермаркет шуда, ба коргароне, ки дар мағозаанд, ҳамла мекунанд. Онҳо аз дастаи чӯбии табар барои тарс додани кормандони мағоза истифода карда, аз хазинадор ва мудири 51-сола пул талаб кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, хазинадор талош кардааст муқовимат кунад, аммо ҷавонон болои ӯ ҳамла кардаанд. Зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин ҳол, директор ва шавҳари зан, ки назди ҳамсараш омада буд, кӯшиш кардаанд ғоратгаронро боздошт намоянд, вале онҳо низ сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон қарор доранд. Ҷинояткорон бо 205 ҳазор рубл, ки аз сейф дуздида буданд, фирор кардаанд.
Аз рӯи ин далел, мутобиқи моддаи ғоратгарӣ ва расонидани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Илова бар ин, муфаттишон қонунӣ будани будубоши муҳоҷирони муттаҳам дар ин кор дар Русияро мавриди тафтиш қарор додаанд.
Додситонии вилояти Маскав низ тафтишоти парвандаи ҷиноятии ин ҳамларо назорат карда, даст доштани онҳоро дар мавориди дигари ҷиноятҳои шабеҳи ғоратгарӣ тафтиш мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ