Зодаи Хуҷанд – номзад ба мақоми Президенти Русия

Елена Климашкина — як зани 35-сола, ки зодаи шаҳри  шаҳри Ленинобод (Хуҷанд-и имрӯза) аст, номзадиии худро барои ишғоли курсии Президентии Федератсияи Русия пешбарӣ кардааст. Ин зан худро «Прометейи асри 21” унвон карда, карда мегӯяд:  «Ман омодаам, ки ба сари кӯҳ баланд шуда, фарёд бикашам, ки «Ман ҳама чизро тағйир хоҳам дод.”

Елена Климашкина, ки имрӯз шаҳрванди шаҳри Алейски кишвари Алтайи Русия аст, мехоҳад дар сабқатҳои интихоботии соли 2018-и президентии Русия ширкат кунад. Ин зан барои ҷамъоварии маблағ аз мардум кӯмак пурсида дар интернет як саҳифаи вежаеро кушодааст.  (Ин сайти вижаи Елена Климашкина аст. http://eklimashkina.wixsite.com/mysite)

Елена Климашкина 24 марти соли 1982 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд)-и Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падару модари Климашкина ҳамроҳи ду духтарашон дар ибтидои солҳои 90 бо оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон аз Ленинобод ба кишвари Алтай кӯчидаанд.

Елена Климашкина соли 1999 мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Алейскро хатм карда, солҳои 2000-2006 дар Донишкадаи умумирусиягии ғоибонаи молиявиву иқтисодӣ (ВЗФЭИ)-и шаҳри Барнаул таҳсил кардааст.

Ӯ дар тарҷумаи ҳолаш менависад, ки тамоми собиқаи кораш дар Алейск гузашта, инҷо ҳам дар бахши буҷавӣ ва дар ин байн солҳои 2012-2016 дар бахши тиҷорати хусусӣ дар як мағозаи шахсӣ кор кардааст.

Елена Климашкина мегӯяд, таҷрибаи кораш дар бахши буҷавӣ ӯро аз вазъи воқеии иқтисоди Русия огоҳ кард ва ӯ дақиқ медонад, ки кадом бахши иқтисод мисли фарзанди ӯгай асту кадом бахшашро баракс мисли писари эрка беш аз ҳад навозиш мекунанд.

Ӯ дар барномаи интихоботиаш мегӯяд, буҷаи давлатии Русияро одилона тақсим хоҳад кард ва дар натиҷа теъдодҳои ҷойҳои корӣ дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.

Елена Климашкина дар барномааш ҳамчунин таҳсили бепул аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ ва хидматрасонии тиббии бепул, ҳатто барои ҷарроҳиҳои гаронбаҳо дар бемористонҳои хориҷиро кафолат дода, гуфтааст, маош ва нафақаи ҳадди ақалро ба сатҳи 1,5-2 маротиба болотар аз маблағи ҳадди ақали зист боло хоҳад бурд.

Елена Климашкина дар барномааш ҳамчунин ваъда додааст, ки хоҷагии манзиливу коммуналӣ (ЖКХ)-ро аз нав давлатӣ мекунад, хоҷагии кишоварзиро барқарор карда, манобеи навтарини энергетикиро рушд хоҳад дод ва тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то фоида аз истихроҷи захираҳои табиии Русия, бахусус аз фурӯши нафту газ ба манфиати мардум сарф шавад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии Русия соли 2018 доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *