Аслов дар Брюссел аз  Роғун ҳимоят кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Брюссел аз тарҳи неругоҳи барқии обии «Роғун», ки тайи чанд соли ахир баҳсҳоеро бо Ӯзбекистон ба вуҷуд меорад, ҳимоят кард.  Дар ин бора пойгоҳи хабарии «centralasian» иттилоъ медиҳад.

Аслов 15 май дар Брюссел ба рӯзноманигорон гуфт, «Душанбе манофеи кишварҳои поёнобро ҳамеша ба инобат гирифтааст».

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо сохтани нерӯгоҳи Роғун хоҳанд тавонист, нерӯи барқро барои сокинони кишвар ба таври доимӣ фароҳам оранд. Бунёди сарбанди обанбори Роғун бо як маросими идона дар моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуд.

Сохтмони онро баъд аз ду моҳи марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз карданд, ки солҳои зиёд зидди тарҳи Роғун буд. Вай мегуфт, ки саарбанд ҷараёни обро ба заминҳои пахтаи Ӯзбекистон кам хоҳад кард.

Дидбони ҳуқуқи инсон ё Human Rights Watch (HRW) низ аз иҷрои тарҳи Роғун интиқод кард. Ба гуфтаи он, сокинони атрофи обанбор, ки мақомот мехоҳанд, онҳоро ба ҷойҳои дигар кӯчонанд, бо мушкили манзили зист, дастрасӣ ба ғизою об ва маориф рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *