Зодаи Тоҷикистон барои ҳимояи Русия ба ҷанг рафт

Фирӯз Салимов, зодаи Душанбе зану 4 кӯдакашро дар  Екатеринбург монда, худаш ихтиёран ба ҷанги Украина рафтааст. Ӯ 10 соли охир дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар сохтмон кор мекардааст. Фирӯз Салимов ба расонаи маҳаллии URA.RU  гуфтааст, ки “барои ҳифзи Русия аз душман ба ҷанг меравад”.

Ҳамчунин, Фирӯз Салимов изҳор доштааст: “Барои ман ин масъалаи номус аст. Мард бояд Ватан, падару модар ва зану фарзандонашро аз душман ҳимоят кунад. Ба ҳамин хотир худро ҳамчун ихтиёрӣ номнавис кардам. Имрӯз ҳамаи сокинони Русия бояд муттаҳид шуда, аз Владимир Путин пуштибонӣ кунанд. Чунки мо имрӯз  таърихро барои наслҳои оянда менависем. Мисли бобоёни мо, ки соли 1945 таърихро барои мо навишта буданд”.

Ӯ гуфтааст, ки тасмимаш аҳли хонаводаро зиқу хавотир кард, вале онҳо аз ӯ пуштибонӣ мекунанд: “Наздиконам, ба хусус ҳамсарам, дар ташвиш афтодаанд, вале ҳамсарам маро дастгирӣ мекунад. Албатта, вазнин аст вақте ки кӯдаконро дар хона гузошта меравед. Вале ман боварӣ дорам, ки фарзандони ман, бахусус се писарам, бо ман ифтихор хоҳанд кард”.

Фирӯз Салимов барои нуқтаи ҷамъоварии сарбозони қарордодӣ борхалтааш дар даст омада буд. Гуфта мешавад, ки ҳамсараш барои ӯ ҳамчун тӯшаи роҳ нони тоҷикӣ пухтааст.  “Ман тайёр шуда омадам. Борхалтаам бо ман аст ва омодаам ҳамин ҳоло ба маҳалли амалиёт биравам. Ҳамсарам бароям чанд нони тоҷикӣ пухтааст. Ва боз ҳар хел шириниҳо гузоштааст дар борхалта” — нақл кардааст Фирӯз Салимов.

Фирӯз Салимов хабар додааст, ки ӯро ба баталйони десанти ҳавоӣ қабул кардаанд. Гуфта мешавад, ки Фирӯз қаблан дар Артиши Тоҷикистон хидмат карда, рутбаи сержант доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *