«Истиқлол» ва «Кўктош» дар финал бозӣ мекунанд

Рўзи 15-уми октябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар натиҷа пешсафи Лигаи олӣ — дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва пешсафи Лигаи якум — “Кӯктош”-и ноҳияи Рўдакӣ ба финал баромаданд.

“Истиқлол” дар сафар бо дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Ҳар ду голро бонкчиҳо заданд — Олимҷон Каримов ба дарвозаи дастаи худаш, Дилшод Бозоров ба дарвозаи тими ҳариф. Дар бозии аввал “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирўз шуда буд.

Дар бозии дигар “Кӯктош” тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Сорбон Ғиёсов, Муҳаммад Гулаев, голи тими Бохтарро Жан Гатен заданд. Бозии аввали дастаҳо мусовӣ (0:0) анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, 29-уми октябр “Истиқлол” ва “Кӯктош” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар финали Ҷоми футболи Тоҷикистон вомехўранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *