Зодаи Тоҷикистон дар Маскав 12 сол ҳукм гирифт
Суди Маскав шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Меҳроб Ҳаитовро дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба бинои ФСБ дар маркази пойтахти Русия гунаҳкор шинохт ва ба 12 соли зиндону 500 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.
Хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Суди ҳарбӣ гуфтааст, “Меҳроб Ҳаитов гуноҳи худро пурра эътироф кард, дар ошкор кардани ҷиноят мусоидат намуд” ва бинобар ин муҳокимаи парвандаи ӯ алоҳида ва махсус баррасӣ шуд.
Бо ҳукми додгоҳ Меҳроб Ҳаитов се соли аввалро дар ҳабси пӯшида ва 9 соли боқимондаро дар ҳабси низомаш сангин адо хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти Суд қаблан гуфта буд, ки Меҳроб Ҳаитов яке аз 7 нафари муттаҳам ба қасди ҳамла ба қароргоҳи ФСБ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ