Дар Амрико ба зидди Салимҷон Насриддинов парванда боз шуд

Мақомоти прокуратура дар Амрико як марди Бруклин ва як оилаи Монреалро ба содироти колоҳо ба Русия, ки метавонанд дар бахши дифои Русия истифода кунанд, муттаҳам карданд.
Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба вазорати адлияи ИМА хабар додааст.
Бар зидди Салимҷон Насриддинови 52-сола, ки шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дорад, инчунин ҳамсарони 37-сола Николай Голтсев ва Кристина Пузиреваи 32-сола, ки шаҳрвандии Русия ва Канадаро доранд, парванда боз шудааст. Онҳо барои нақзи таҳримҳо, қочоқ ва барои қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Айбдоршавандагон ба ҳабс гирифта шуданд, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо ба гуноҳи худ иқрор нашудаанд. Ба онҳо чандин соли зиндон таҳдид мекунад.
Прокуратураи Амрико мегӯяд, ки Насриддинов рӯзи 31 октябр дар Бруклин боздошт ва аз манзили ӯ ҳазорон нимноқилҳо ва дигар таҷҳизоти электронӣ мусодира шудааст. Голтсев ва Пузирева дар яке аз меҳмонхонаҳои Манҳеттен ҳангоми ба аёдати Насриддинов рафтан боздошт шудаанд. Аз инҳо ҳудуди 20 ҳазор доллари нақд мусодира шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, дар давоми сол Насриддинов, Голтсев ва Пузирева интиқоли беш аз 300 колои мавриди истифода (нимноқилҳо, чипҳо ва дигар ҷузъҳои электронӣ), ки арзиши умумии онҳо тақрибан 10 миллион долларро ташкил медиҳад, ташкил кардаанд.
Бархе аз ин ҷузъҳо баъдан дар таҷҳизоти низомии Русия, ки дар ҷанги Украина истифода мешуданд – ҳавопаймоҳои бесарнишин, мушакҳо, танкҳо пайдо шуданд. Мол аз ширкатҳои амрикоӣ тавассути ширкатҳои SH Brothers ва SN Electronics, ки дар Бруклин сабти ном шудааст, харидорӣ шудааст.
Мақомоти ИМА иддао доранд, ки Голтсев аз ширкатҳои русӣ дар бахшҳои дифоъ ва фанноварӣ фармоиш гирифта, пас аз он мустақиман бо истеҳсолкунандагони амрикоӣ бо истифода аз тахаллус тамос гирифтааст.
Пас аз харидани мол онҳо ба ширкатҳои миёнарав аз Туркия, Ҳонконг, Ҳиндустон, Чин фиристода шуда, аз онҷо ба Русия фиристода шуданд.
Мақомоти прокуратура мегӯянд, муттаҳамон медонистанд, ки ин таҷҳизоти электронӣ барои ҳадафҳои низомӣ истифода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *