Мунтахаби  Тоҷикистон  бо тимҳои АМА ва Кувайт бозӣ мекунад

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо  Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

14 ноябр дастаи олимпии мо бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва 17 ноябр бо дастаи олимпии Кувайт рақобати санҷишӣ доир мекунад.

Рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 23 ноябр пас аз маросими қуръакашӣ муайян мешавад,ки қарор аст, дар Қатар баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *