Пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард мешавад

30 октябри соли 2023 Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҷаласаи навбатӣ бо масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои Интернет, бонкҳову дигар муасссисаҳои молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ниҳодҳои қудратиро баргузор кард.

Дар ҷаласа мувофиқа шуд, ки василаҳои анҷом додани амалиёти пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад.

Беҳтар ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, тезонидани ин раванд дар сатҳи маҳалҳо аз мавзуъҳои меҳварӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки Бег Сабур дар ҷаласаи қаблӣ, ки 23 октябр доир шуд, бо ташкили як гуруҳи корӣ барои муайян кардани минтақаҳои Интернеташон заиф, беҳбуди таъмини аҳолӣ бо Интернет ва иҷрои фармони президент дар бораи гузариши пурраи ниҳодҳои давлатӣ ба пардохти ғайринақдӣ ба масъулин ва ширкатҳои интернетрасон як ҳафта вақт дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *