Зоир Мирзоев ба мактаби рақами 17 300 миллион ҳадя кард
Зоир Мирзоев, раиси вилояти Тошканд ба мактаби рақами 17-и шаҳри Ангрен, ки дар аввали моҳи март ташаббуси “Мактаби бе телефон”-ро ҷорӣ карда буд, 300 миллион сӯм (23,6 ҳазор долар) ҳадя кард.
Гуфта мешавад, ки дар ин муассисаи таълимӣ 50 рӯз боз донишомӯзон дар вақти дарс аз телефон истифода намекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 ЮНЕСКО даъват кард, ки истифодаи смартфон дар мактабҳо манъ карда шавад, то мушкилоти интизом дар синфхонаҳо ҳал шуда, сатҳи омӯзиш беҳтар гардад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин ҷониб истифодаи телефон дар мактаб манъ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ