Маҳмадтоир Зокирзода

Зокирзода бо раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон мулоқот кард

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори конфронси 17-уми байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, зимни мулоқот таъкид карда шудааст, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амал менамоянд. Сафари аъзои гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳарду давлат ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парлумонҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳо анҷом гирифтааст.

— Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди давлатҳои дунё равобити хуби корӣ ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем,- гуфтааст Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар фарҷоми мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *