Рубл

Интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои ОМ афзоиш ёфт

Хабаргузории “РБК” аз Русия ба кадом кишвар чӣ қадар интиқол шудани маблағро гуфт.

Бино ба гузориши хабаргузории “РБК”, ҳаҷми маблағи фиристода аз Русия ба Қазоқистон, Гурҷистон, Узбекистон, Арманистону Қирғизистон ба фарқ аз солҳои пеш аз 2 то 7 баробар бештар аст.

Соли 2022 шаҳрвандон аз Русия ба Қазоқистон беш аз 775 миллион доллар интиқол додаанд. Ин нишондод 7 баробар бештар аз маблағе аст, ки дар соли 2021 ба ин кишвар интиқол шудааст.

Ба Гурҷистон аз Русия ду миллиард доллар фиристодаанд. Соли пеш аз Русия ба ин кишвар 411 миллион доллар фиристода буданд.

Ҳаҷми маблағи интиқолёфта ба Узбекистон 14, 5 миллиард доллар мебошад. Ин маблағ ду баробар бештар аз соли 2021 арзёбӣ шудааст.

Арманистону Қирғизистон расман омори интиқоли маблағ аз Русияро нашр накардаанд. Аммо гуфта мешавад, то моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли пул ба Арманистон 4 баробар бештар буда, зиёда аз 3 миллиард доларро ташкил додааст.

Ба Қирғизистон аз Русия  беш аз дуюним миллиард доллар интиқол ёфтааст, ки 6 дар сад бештар аз соли 2021 аст.

Дар ин гузориш дар бораи Тоҷикистон оморе оварда нашудааст. Аммо  коршиносони Сандуқи Байналмилалии Асъор моҳи декабри соли гузашта дар гузорише гуфтанд, баъди ҷанги Русия дар Украина, аз моҳи феврал интиқоли пул ба Тоҷикистон кам шуд, вале дар семоҳаи дуввуми соли 2022 ба иттилои ин ниҳоди молӣ интиқоли маблағ якбора афзоиш ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *