Зуҳуров аз беморхона ҷавоб шуд

Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз дучори сактаи мағзӣ беҳбуд ёфта, аз бемористон мураххас шудааст. Саидамир  Зуҳуров тайи се ҳафта дар бемористони Қаряи Болои Душанбе бистарӣ буд ва ба гуфтаи табибон, рӯзи якшанбеи 11-уми ферал аз бемористон ҷавоб дода шуд. Вазъи саломатии Саидамир Зуҳуров беҳбуд ёфта, озодона сӯҳбат мекунад ва қадам мезанад. Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, шоми 22-юми январ бо сактаи мағзӣ (вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар) дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд. Ӯ рӯзи шанбеи 27-уми январ аз корпуси панҷуми (эҳёгарӣ) ин бемористон ба корпуси шашум (шӯъбаи табобати асаб), мунтақил шуд.Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Мақоми охирини ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар наздиҳукумати Тоҷикистон буд. Дар ин вазифа ӯ даҳ сол кор кард.Ба эшон саломатии бардавом ва умри пурбаракат хоҳонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *