Зуҳуров бо Ара Баблоян вохӯрд

 

 

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд мулоқот намуд.   Дар оғози мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ҳайати меҳмононро ба сарзамини бостонии тољикон хушомадед гуфта, миннатдории худро барои пазируфтани даъвати љониби Тољикистон љињати боздид аз кишвари мо баён намуд.-Басо рамзист, ки,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон, сафари расмии Шумо дар соли таљлили 25-солагии барќарории равобити дипломатї миёни кишварњоямон љараён мегирад.Аз ин нуќтаи назар, дидору гуфтугўи имрўза дар сатњи парламентњои ду кишвар ва натиљањои бадастовардаамонро мо њамчун идомаи раванди таќвияти њамкорињои байнидавлатии Тољикистону Арманистон, ки мунтазам тавсеа меёбанд, арзёбї менамоем.Дар робита ба ин, мулоќоти Шумо бо Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро, ки дар нимаи дуввуми рўз ба наќша гирифта шудааст, мо њамчун марњилаи нав дар муколамаи сиёсии ду кишвар дар сатњи олї маънидод мекунем.Њамкорињои байнињамдигарии миллатњои мо, гуфтан мумкин аст, ки аз умќи таърих сарчашма мегирад ва кишварњои мо дар рушду инкишофи фарњанги љањонї ва тавсеаи љомеаи љањонї сањми бузург доранд.Мавќеияти љуѓрофии њам Тољикистон ва њам Арманистон ањамият ва наќши онњоро дар њалли масоили сиёсиву иќтисодї аз ќабл муайян сохтааст. Ин, аз як љониб, ба инкишофи њамаљонибаи мардумони мо мусоидат кунад, аз сўи дигар бо дарназардошти муњимияти мавќеи стратегї кишварњои мо ба тањдидњои гуногун рў ба рў шуда, ба сањнаи муборизањои љиддї табдил шудааст.Сарфи назар аз ин, мардумони шарафманд ва озодидўсти мо ба мушкилот ва вазнинињо дар даврањои гуногуни таърих нигоњ накарда, рўњияи мубориз будани худро аз даст надоданд. Тољикон ва арманњо њамеша барои соњибистиќлолї ва мухторияти худ мубориза мебурданд ва дар оянда низ мубориза хоњанд бурд. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки пас аз фурўпошии Иттињоди Шўравї кишварњои мо ба мушкилоти зиёди хусусияти дохиливу хориљидошта рў ба рў шуданд ва хушбахтона, мардумони мо аз њамаи ин мушкилот сарбаландона баромаданд ва дар оянда низ аз уњдаи њаллу фасли чунин мушкилињо сарбаландона хоњанд баромад.Тайи солњои соњибистиќлолї љонибњо вобаста ба барќарорї ва тањкими њамкорињои мустаќим байни ташкилотњои ду кишвар фаъолона чорањои муассир меандешанд. Давра ба давра додугирифти мањсулоти истењсоливу техникї, маводи ниёзи мардум ва ашёи хом байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Арманистон амалї карда мешавад.Рўйдоди муњими дигар дар муносиботи дуљониба ин мулоќоти чандинкаратаи Президентњои кишварњои мо аз соли 2002 ба шумор меравад, ки дар љараёни ин дидору гуфтугўњо масъалањои ба сатњу сифати баланд расонидани робитањои дуљониба бањсу баррасї шуданд. Муњимияти ба имзо расидани санад дар бораи баргузории машварат байни вазоратњои корњои хориљии Арманистон ва Тољикистонро дар солњои 2016-2018 таъкид кардан ба маврид аст. Ин механизм, бешубња, ба таќвияти њамкорињои дуљониба ва боварии тарафайн мусоидат менамояд.Шарикии байни Тољикистону Арманистон дар шароити имрўза ба сатњу сифат ва рушду инкишофи нав ворид шудааст. Муњимтарин омил дар ин давра ин таъмиќи эътимоду боварии дуљониба, таќвияти њамкорї дар соњаи амният дар доираи СААД, тавсеаи муносиботи тиљоратї, татбиќи лоињањои муштараки иќтисодї, густариши равобит дар заминањои фарњанг ва маориф, аз љумла ба роњ мондани њамкории мустаќим байни муассисањои тањсилоти олї, татбиќи лоињањои соњаи маориф, бахусус табодули донишљўён, омода кардани мутахассисон њам дар доираи равобити дуљониба ва њам дар доираи донишгоњњои шабакавии ИДМ мањсуб меёбад.

Њолати њамкорињои дуљонибаи тиљоратї-иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Арманистонро дар солњои 90-ум тањлил карда, махсус бояд таъкид кард, ки љонибњо вобаста ба барќарорї ва тавсеаи њамкорињои мустаќим байни корхонањои ду кишвар, новобаста аз шакли моликият фаъолона тадбирњои мушаххас андешидаанд.

Мутаассифона, дар марњилањои кунунї муносиботи тиљоративу иќтисодї миёни кишварњои мо дар сатње ба роњ монда нашудаанд, ки ба талоботи љонибњо љавобгў бошанд.

Мо имконоти нињоят зиёд дар заминаи инкишофи њамкорињо, аз љумла ворид намудани мањсулоти мошинолот, саноати химиявї, мошинњои боркаш ва ќисмњои эњтиётии онњо, мошинњои љомашўї,  масолењи дўзандагї, бофандагї, пойафзол ва дигар мањсулоти чармї, автомобилї, заргарї, саноати хўрокворї аз Љумњурии Арманистонро дорем.

Љумњурии Тољикистон дар навбати худ метавонад содироти пахта ва мањсулоти пахтагї, ќолинњо ва мањсулоти фарш, фулузоти ранга, мањсулоти муњандисї, таљњизоти чорводорї ва ѓайраро ба таври фаъолона ба роњ монад.

Раиси парлумони касбии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки дар моњи июни соли љорї сафари расмии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Арманистон сурат гирифт. Дар доираи ин сафар мулоќоти пурсамар бо маќомоти баландпояи Арманистон, аз љумла Президент муњтарам Серж Азатович Саргсян ва бо Шумо муњтарам Ара Саенович баргузор шуданд.

Дар љараёни сафари мазкур баррасии масъалањои калидї, аз љумла таќвияти њамкорињои ду кишвар дар заминањои тиљорату иќтисод, тавсеаи њамкорињо дар бахшњои субъектњои хољагидор ва сохторњои хусусї ба рўзномаи он ворид шуда буданд.

Президентњои кишварњои мо ба ин натиља расиданд, ки аз имконоти мављудаи ду кишвар бояд ба таври густурда истифода шавад, то њаљми мубодилаи тиљорат афзоиш ёфта, лоињањои муштараки иќтисодї амалї гарданд. Њамчунин, њавасмандии ду љониб љињати густариши њамкорињои тарафайн дар бахшњои воќеии иќтисодиёт баён карда шуд.

Мо љалби ширкатњои арманиро дар тиљорати Тољикистон, истифодаи имконоти сармоягузорї ва таљњизоти муосири онњо, иштирок дар лоињањои иќтисодї мепазирем ва барои иљрои ин њадафњо бо маќсади ба даст овардани фоидаи иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон тамоми шароити мусоид фароњам оварда шудааст.

Чунин лоињањо дар кишвари мо, аз ќабили дар соњаи энергетика, туризм, канданињои фоиданок, саноати сабук, хўрокворї ва саноати коркард, инфросохтори наќлиётї-коммуникатсионї ва соњаи тандурустї зиёд њастанд.

Њамчунин, мо метавонем дар заминањои фарњангу гуманитарї ва илмї-техникї њамкорињои худро тавсеа бахшем.

Аз рўи натиљањои сафари расмии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Љумњурии Арманистон Изњороти муштараки ду кишвар ќабул гардида, 9 санади нави њамкорї: дар бораи сафарњои мутаќобилаи шањрвандон; дар бораи иттилооти њавої; дар бораи њамкорињои байни вазоратњои корњои хориљии ду кишвар барои солњои 2018-2019; дар соњаи телекоммуникатсия ва алоќањои почтавї; дар бораи эътироф ва муќоисаи ихтисосњои тањсилот, дараљањои илмї ва унвонњои илмї; дар бораи њамкорї дар соњаи тандурустї; кор бо љавонон ва варзиш; њамкорї байни Прокуратурањои ду кишвар; дар бораи њамкорињои илмї ба имзо расиданд.

Дар мулоқот таъқид гардид, ки то имрўз асоси њамкорињои ќарордодиву њуќуќии ду кишварро беш аз 30 санад, ки фарогири масъалањои гуногун, аз љумла њамкорињо дар соњањои иќтисод, тиљорат, хољагии халќ, тандурустї, фарњанг ва илму маорифро дар бар мегиранд, ташкил медињад.

Ин дидору гуфтугўњо,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров  аз љумла мулоќоти байнипарлумонї дар идомаи равобити дуљониба ба нафъи ду кишвар дар соњањои тиљорату иќтисод, фарњангу гуманитарї ва дигар бахшњо такони тоза мебахшанд.

Умедворам њамкорињои байнипарлумонии кишварњои мо дар доираи кумитањо, шуъбањо, гурўњњои дўстї ва њамкорї, њамчунин дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба таќвияти дўстї байни мардумони мо, ривољу равнаќ ва густариши њамаљонибаи кишварњоямон мусоидат мекунанд.

Боварї дорам, ки ташрифи Шумо, гарчанде муњлати кўтоњро дар бар мегирад, ба Шумо имкони эњсоси садоќат, самимият ва мењмоннавозии миллати тољикро хоњад дод_- гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба, ки имсол аз оғози он 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамчун мақоми олии қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд.

Меҳмони олимақом ҳамчунин аз нақши созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки ин шахсияти таърихи кореро барои миллати худ анҷом дод, ки танҳо фарзанди фарзонаи миллат метавонад ин корро анҷом диҳад.

Дар фарҷоми мулоқот Ара Баблоян ҳамчунин хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон  шуда, таъкид доштанд, ки мо ба ояндаи неки ин робитаҳо ва татбиқи амалии санадҳои қаблан  ба имзорасида умеди зиёд дорем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *