Суғд: Котиби додгоҳ бо иттиҳоми порагигирӣ дастгир шуд

Мақомоти умури дохилӣ котиби маҷлиси Додгоҳи шаҳри Бӯстонро бо иттиҳоми гирифтани пора аз як шаҳрванди Қирғизистон, боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, котиби 35-солаи Додгоҳи шаҳри Бӯстон аз шаҳрванди Қирғизистон барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ӯ 5 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Умарҷони Эмомалӣ  аз ин зани сокини Қирғизистон ном набурд, аммо гуфт, ӯ 52-сол дошта, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, муттаҳам дониста мешуд. Қисми якуми моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ин зодаи Қирғизистон бо он муттаҳам мешавад, то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, парвандаи ин занро Додгоҳи шаҳри Истиқлол пеш мебурд. Аммо ин масъули ВКД нагуфт, ки чигуна корманди Додгоҳи шаҳри Бӯстон барои озод кардани ин шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Истиқлол, ба ӯ ваъда дода, маблағ гирифтааст. «Санаи 5-уми майи соли соли 2017, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номбурда дар ҳузури шахсони холис аз зани мазкур 230 000-рубли русиро гирифта, ба этиёҷоти худ сарф намудааст»,-афзуд Умарҷони Эмомалӣ.

Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, шаҳрванди Қирғизистон баъди чанд муддати маблағ додан ба корманди Додгоҳи шаҳри Бӯстон, фиреб хӯрданашро фаҳмида, ба мақомот муроҷиат кардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва масъулини ВКД мегӯянд, ки тафтишот идома дорад. Тафтиши ин қазияро Додситонии вилояти Суғд ва Оҷонсии зидди фасод пеш мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *