Русия: Тоҷикдухтари ноболиғ аз гуруснагӣ нон мепурсид

Додгоҳи Русия як зану шавҳар аз Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Сургут ба азобу шиканҷа як духтари 12-сола айбдор мешаванд, ба ҳабс гирифта, се фарзанди хурдсоли онҳоро ба тарбияхонаи махсус супурд. Холаи ин духтар мегӯяд, захмҳои бадани вай на аз латукӯб, балки осори табобат бо усули халқӣ аст. Аммо ба гуфтаи ҳамсояҳо, аз хонаи онҳо фақат садои нолаи духтар меомад ва ин кӯдак бо шиками гурусна хона ба хона мегашту нон мепурсид.

Мақомоти тафтишотии ҳавзаи Ханти ва Манси — Юграи Русия рӯзи 30 октябр хабар доданд, ки бо дархости тафтишот, додгоҳ як марди 38-сола ва ҳамсари 31-солаи ӯро, ки ба латукӯб ва шиканҷаи ҷияни 12-солаашон дар шаҳри Сургут айбдор мешаванд, ба ҳабс гирифт.

Дар раёсати тафтишоти ҳавзаи Ханти ва Манси рӯзи 30 октябр дар шарҳи ин тасмим гуфтанд: «Дар сурати дар озодӣ қарор доштан, ин зану шавҳар метавонистанд ба шоҳидон, аз ҷумла ба фарзандони хурдсоли худ, ки шоҳиди айнии бадрафторӣ нисбат ба духтари 12-солаи хоҳари яке аз гумонбарон буданд, фишор биоранд. Ваё метавонистанд аз ҷавобгарӣ фирор кунанд.”

Се фарзанди хурдсоли ин зану шавҳари боздоштшударо ба тарбияхонаи махсус супурдаанд. Дар бадани онҳо ягон аломати маълуми бадрафторӣ мушоҳида нашудааст, вале мақомоти тафтишотӣ ба ҳар ҳол хостори анҷоми ташхиси тиббии ҳар се кӯдак шудаанд.

Дар раёсати тафтишоти Ханти ва Манси ҳамчунин хабар доданд, ки «падари духтари латукӯбшуда, ки дар вилояти Иркутск кор мекард, алакай ба Сургут омадааст ва аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ мешавад. Модари духтари осебдида дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Қарор аст, ки модари кӯдакро бо кумаки мақомоти Тоҷикистон бозпурсӣ кунанд.”

Тафтишот мегӯяд, ин духтари 12-сола моҳи сентябри соли 2015 бо ваколатномаи модараш ба шаҳри Сургут омада, дар хонаи холааш ҳамроҳи боз се кӯдаки хурдсоли ӯ зиндагӣ мекард. Бар асоси натиҷаҳои тафтишоти муқаддамотӣ, ин духтар тайи ду сол дар манзили холааш пайваста аз ҷониби ин зани 31-сола ва шавҳари 38-солаи ӯ латукӯб мешуд.

Ин қазия рӯзи 11 октябр, баъди ба пулис муроҷиат кардани ҳамсояҳои ин оилаи тоҷик ошкор шуд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки аз ин хона пайваста садои гиряву нолиши кӯдак меояд ва ин духтар бисёр вақт хона ба хона гашта, барои фурӯ нишондани гуруснагиаш нон металбад.

Пулис бар асоси ин муроҷиат ба он манзил рафта, як духтари 12-соларо пайдо кардааст, ки ду сол боз дар даруни хона нигоҳ дошта мешуд. Вазъи саломатии ин кӯдак ба андозае бад буд, ки кормандони пулис ӯро билофосила дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Ташхиси тиббӣ дар бадани ин духтари тоҷик осори зиёди латукӯбро сабт карда, ҳамчунин маълум кардааст, ки чанд қабурғаи ин кӯдакро қаблан зада шикастаанд.

Холаи ин кӯдак гуфтааст, азбаски ҷиянаш полиси суғуртаи тиббӣ надошт, вайро дар хона бо усули халқӣ табобат мекарданд ва ин захмҳо дар бадани ӯ осори ҳамон табобати халқӣ аст, на латукӯб.

Ба зидди хешовандони кӯдак ибтидо бар асоси қисми дуюми моддаи 112-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расондани осеби миёнаи ҷисмонӣ ба саломатии кӯдаки ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳафтае пеш ба зидди ин зану шавҳар аз Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 117 (азобу шиканҷаи нафари баръало ноболиғ, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад) парвандаи дуюм кушода шуд.

Ба хешовандони духтари тоҷик акнун барои азобу шиканҷаи ӯ аз 3 то 7 соли зиндон ва бар асоси қисми дуюми моддаи 112 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки ҳафтае пеш аз ҳавзаи Ханти ва Манси боздид кард, тафтиши парвандаи латукӯби духтари тоҷикро зери назорати бевоситаи худ гирифт ва талаб кард, ки гунаҳкорони чунин бархӯрд бо кӯдаки ноболиғ бояд шадидан ҷазо дода шаванд.

Сургут дар Шимоли дури Русия, дар 3500-километрии Душанбе ва 1120-километрии шимолушарқи шаҳри Екатеринбург ҷойгир шуда, бо иқлими ба таври фавқулодда қаҳратунаш фарқ мекунад. Вале ин минтақа бо вуҷуди сардии сахташ яке аз маконҳои умдаи кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *