Зуком. 4 доруи арзон ва хушбӯ
Ҳоло чун фасли сармост, аксарият аз бемории зуком азият мекашанд. Вале роҳи асосии фирор аз ин беморӣ баланд бардоштани иммунитет ва пешгирии беморӣ аст. Мо феълан ба шумо 4 маводи хушбӯеро тавсия медиҳем, ки арзону дастрас ҳастанд ва барои пешгирӣ ва табобати зуком кумак мекунанд.
Имбир — душмани зуком
Занҷабил (имбир) баданро аз дарун гарм карда, дар мубориза бо вирусу микробҳо ёрӣ мерасонад ва барои бартараф кардани беморӣ кумак мекунад. Он ангезандаи иммунитет аст, яъне қувваи муҳофизитаии организмро баланд мебардорад. Имбир хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, спазмолитикӣ ва бедардсозӣ дошта, ба чандин дард даво шуда метавонад. Аз ҷумла ба муқобили зуком давои хубе аст.
- Барои гарм кардани пойҳои худ дар фасли зимистон шумо метавонед занҷабили хушкро ба ҷӯробҳоятон гузоред.
- Ҳангоми сулфаи тар шири гарм бо занҷабил (1/3 қошуқ) кумак мекунад. Барои сулфаи хушк ва бронхит, шумо бояд шарбати занҷабили тару тозаро бо шарбати лимӯ омехта кунед ва ба он каме асал илова намуда нӯшед.
- Барои тоза кардани роҳҳои нафас 1-2 қатра равғани эфирии занҷабилро ба оби гарм андохта, бӯғи онро муддати 5-7 дақиқа нафас кашидан лозим аст.
Мехчагул — давои ангина
Боз як давои дигари муфид дар мубориза бо зуком — ин мехчагул аст. Баргҳои хушккардашудаи мехчагул дар рӯзҳои сарди зимистон шуморо аз бисёр бемориҳо эмин дошта метавонанд. Равғани мехчагул хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Он ҳамчун давои зиддимикробӣ, зиддивирусӣ, пешоброн ва бедардкунанда эътироф шудааст. Аз ҳамин сабаб дорусозон бештар маҳз равғани мехчагулро ба таркиби доруҳо ва малҳамҳои зиддиилтиҳобӣ илова менамоянд.
- Дар ҳолати ба зуком гирифтор шудан шумо метавонед барои кушода шудани бинӣ, тоза шудани роҳҳои нафас ва халосӣ аз сулфа аз равғани мехчагул истифода баред. Ҳамагӣ чанд қатра равғани мехчагулро ба зарфи оби ҷӯшидадошта андохта, бӯғи онро нафас кашед, ба зудӣ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
- Агар сулфаи хушк дошта бошед, метавонед баргҳои хушккардаи мехчагулро ба рӯйи оташ партофта, дуди онро нафас кашед.
- Ба шахсоне, ки ба ангина гирифтор шудаанд, маслиҳат дода мешавад, ки мехчагули хушкро кафмол карда, ба зарфе андозанд ва аз болояш як истакон шири ҷӯшомадагӣ рехта, чанд дақиқа нигоҳ доранду баъди ширгарм шуданаш онро нӯши ҷон созанд. Ширро дар даҳон муддате нигоҳ дошта, баъд фурӯ бурдан лозим. Ин давои муфид ба зудӣ шуморо аз дарди гулӯ раҳоӣ мебахшад.
- Барои халосӣ аз дарди сар ҳангоми шамолкашӣ ва зуком шумо метавонед баргҳои хушки мехчагулро бо каме оби гарм омехта намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои саратон гузоред ва бо рӯймоли пахтагин баста хоб равед. Тарбандиро 10 дақиқа нигоҳ доштан лозим аст.
Дорчин — аҷали бактерияҳо
Давои дигари муфид барои табобати зуком — ин дорчин мебошад. Дорчин (корица) таъсири пурқуввати бактериявӣ дорад. Ваннаи гарм бо якчанд қошуқи дорчин беҳтарин доруи пешгирикунанда барои зуком аст, зеро он ба зудӣ бактерияҳоро несту нобуд месозад. Агар дар як рӯз се маротиба як қошуқ асалро бо чоряк қошуқ дорчин омехта карда, нӯши ҷон созед, ба зудӣ аз сулфа, рафтани оби бинӣ ва дигар аломатҳои зуком халос мешавед.
Кардамон — давои муфид
Ҳангоми зуком чизе, ки беш аз ҳама касро асабонӣ месозад, рафтани оби бинӣ аст. Тасодуфан нест, ки йогҳои машҳур касалиҳои бар асари шамолкашӣ пайдошударо маҳз бо чойи кардамон табобат мекунанд. Кардамон касро ба зудӣ аз оби бинӣ халос мекунад. Он луоби зиёдатиро аз синусҳои бинӣ ва системаи бронхо-шуш хориҷ намуда, шахси ба зуком гирифторшударо аз оби бинӣ ва сулфа раҳоӣ мебахшад.
Умедворем, ки шумо аз маслиҳатҳои мо истифода бурда, саломатии худро дар фасли зимистон нигоҳ медоред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ