Зулайхо Маҳмадшоева телефони бепаролашро гум кард ва….

Сарояндаи хушсадо Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифаи худ дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук хабари дуздида шудани телефонии мобилиашро навиштааст.

Ба гуфти хонум Зулайхо, вай дар телефонаш ягон коди муҳофизатӣ нагузошта буд ва нохалафе, ки телефонро пайдо кардааст бо истифода аз ин ба осонӣ ба ҳамаи маълумоти дар телефон маҳфузбуда дастрасӣ пайдо карда, аз номи Зулайхо ҳарфҳои ноҷоро бо истифодаи аксҳои ин бонуи ҳунар паҳн карда истодааст.

Илова бар ин, вақте Зулайхо бо дузд дар тамос мешавад, вай барои баргардонидани телефон аз ӯ тамаъи 6000 доллари амрикоиро мекунад. Продюсери Зулайхо Маҳмадшоева дар сӯҳбати телефонӣ бо мо низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат телефони истеҳсоли фирмаи машҳури Айфон, ки моли Зулайхо буд, гум шудааст ва онҳо айни ҳол дар пайи ҷустуҷӯи он нохалафанд. Номбурда илова намуд, ки телефон дар хориҷи кишвар дуздида шудаасту наметавонад дар ин бора айни замон маълумоти бештареро диҳад.

Зулайхо Махмадшоева

Ногуфта намонад ки,Телефонам пароль надошт….

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *