Дар метрои Маскав тоҷикбачаро корд заданд

Игор Хвостов, як сокини 32-солаи Маскав барои ҳамлаи миллатгароёна ба ҷавони 26-солаи тоҷик Раҳматулло Исматов дастгир шудааст. Хвостов субҳи 8 сентябр дар вагони пуродами метро бо ин нидо, ки «ҳама ҷо пур аз мардуми бегона шудааст” мусофири тоҷикро корд зад.

Пулиси Маскав Игор Хвостов — омили ҳамлаи миллатгароёна ба Раҳматулло Исматовро танҳо баъди ду ҳафта дастгир кардааст. Вале ба зидди Игор Хвостов дар ҳоли ҳозир танҳо бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, далели ҳамлаи Игор Хвостов ба муҳоҷири тоҷик кинаву адовати қавмӣ буд.

Субҳи 8 сентябр, вақте Хвостов дар истгоҳи «Третяковская” ба вагони пуродами метро менишаст, билофосила ба айбдор кардани муҳоҷирон сар кардааст, ки «ҳама ҷорро пур кардаанд ва одам наметавонад ба ҳузур дар метро ё автобус бишинад.”

Сипас Хвостов аз ҷайбаш кордро кашида, ба гардани ҷавони 26-сола аз Тоҷикистон Раҳматулло Исматов, ки низ мехост аз ҳамин истгоҳ ба метро савор шавад, задааст. Раҳматулло Исматов бо тани хуншор дар рӯи перрони истгоҳи «Третяковская” афтид, вале Игор Хвостов баъди ин ҳамлаи миллатгароёна аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Дар аксҳое, ки шабакаи «Маш” нашр кардааст, дида мешавад, ки ҷавони тоҷик дар рӯи фарши истгоҳ бо тани хуншор хобидааст ва мусофирони дигар ба ӯ кумак мерасонанд. Фарши истгоҳ пур аз хун аст ва дар миёни ин кӯлмаки хун китобе, ки аз дасти Раҳматулло афтидааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар метрои Маскав ҳадафи ҳамлаи миллатгароёна қарор мегиранд.

Сулаймон Саидови 39-сола аз ноҳияи Восеъ шоми 8 апрели соли 2016 дар метрои Маскав ҳадафи ҳамлаи як марди 59-солаи мусаллаҳ бо туфангчаи травматикӣ қарор гирифт.Сокини 59-солаи Маскав Олег Тсарёвдар пайи муноқиша бо Сулаймон ва додарзодааш туфангчаи худро берун кашида, бо ин нидо ки «Ин ҷо ҷои ту нест!” ба сари муҳоҷири тоҷик чанд тир холӣ кард.

АКСИ СУЛАЙМОН ҚАБЛ АЗ ҲАМЛА

Дар натиҷаи ин ҳамла Сулаймон Саидов аз як чашмаш маҳрум шуд. 4 моҳ баъд аз ҳамлаи Тсарёв, бо кумаки «Гражданское содействие” – яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи Русия ба Сулаймон чашми пластмассӣ часпонданд.

Сулаймонро бо кумаки «Гражданское содействие” боз чанд ҷарроҳии дигар карданд ва мебоист рӯзи 26 сентябр ҷарроҳии охиринаш анҷом шавад.

АКСИ СУЛАЙМОН БАЪДИ ҲАМЛА

Зимнан мақомоти тафтишотии Русия Олег Тсарёв, нафареро, ки Сулаймон Саидовро парронд, маризи рӯҳӣ бароварда, ба бемористони маризиҳои рӯҳӣ интиқол додаанд. Ба ин тартиб, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамлааш ба муҳоҷири тоҷик халос мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *