Зулайхо сиру асрорашро аз минбари “Оила”дар “Имрӯз” ошкор кард (Видео)

Ин навбат дар барномаи “Оила дар Имрӯз”, ки дар мавҷи 107.4 дар радиои “Имрӯз” садо дод, меҳмони барнома Зулайхо Маҳмадшоева буд.

Барномаи мазкур дар ҳамбастагии ҳафтаномаи “Оила” ва радиои “Имрӯз”  ҳар рӯзи ҷумъа аз соати  17 то 19 рӯи ин мавҷ  пахш мегардад.  Аз баски Зулайхо Мамадшоева дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”  аз тарафи мухлисонаш пешбарӣ гардидааст, мо дар барнома ӯро ба ҳайси меҳмон даъват намудем. Зулайхо ба суолу дархостҳои мухлисони бешумораш посух гардонида қайд намуд, ки ба оқибати ин озмун нигоҳи хуш дорад ва боварӣ дорад, ки дар ин озмун ғолибият маҳз насиби ӯ мегардад. Ӯ ҳато ваъда дод, ки агар мухлисонаш ӯро дар ин озмун дастгирӣ намоянду ҷоизаи сафар ба Дубай насибаш гардад, ҳатман килипи тиллоии хешро дар Дубай ба навор гирифта, ба мухлисонаш армуғон меорад.

Ногуфта намонад, ки озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” то моҳи феврали соли 2018 идома ёфта, мухлисони ин ҳунармандон метавонанд ба тариқи барга ё дар сомонаи “tajikistantimes.tj” ба тариқи “лайк” сарояндаи дӯстдоштаи худро дастгирӣ намоянд.

Мехоҳед донед, ки Зулайхо Маҳмашоева аз кӣ нафарат дорад?
-Чаро Зулайхо ҷароҳии пластикӣ карду пушаймон шуд?
-Дар Швется ба Зулайхо чи ҳодиса рух дод?
-Донистан мехоҳед, ки Зулайхо барои писарчааш аз кадом бозор додарча мехарад?

Ин ва дигар розҳои Зулайхо Маҳмадшоеваро донистан хоҳед, пас  шумораи навбатии “Оила”-ро  аз тамоми дӯконҳои кишвар ҷӯед, ёбед, хонед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *