Сайёди Субҳон: “Оила” маро бо бародаронам оштӣ дод

 

 Ин ҳунарманди ҷавон дар барномаи «Оила» дар «Имрӯз” чанд сирри ниҳонашро ба мухлисон кушод.

Субҳони Саид зинда шуд ё…?

Ҳафтаи гузашта дар барномаи “Оила” дар Имрӯз” сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила” Фирӯза Сатторӣ ва директори генералии Радиои “Имрӯз” Худоёри Валӣ барои пухтани ош фурсат надоштанд ва танҳо бо қаҳваю ширинӣ иктифо намуданд, зеро дар студия меҳмоне ҳузур дошт, ки кулбораш пур аз роз буд. Барои кушодани сирру асрори зиндагиву эҷоди ин ҷавони ҳунарманд ба ровиёни барнома расо ду соат вақт лозим шуд.

Меҳмони навбатии барномаи мо кист? –Бо ин суол ровиён ба шунавандагони “Имрӯз” муроҷиат намуданд ва ба хотири кӯмак ба мухлисон аз меҳмон хоҳиш карданд, ки чанд сухан бигӯяд.

“Салом алейкум, бародарон ва хоҳарони азиз! Ман бисёр шод ҳастум, ки имрӯз бо воситаи радиои “Имрӯз” бо шумо суҳбат дорам. Ман мухлиси ин радио ҳастум ва таронаҳои мо имрӯз барои шумост…”

Ин садо он қадар ба садои Субҳони Саид шабоҳат дошт, ки на танҳо шунавандагони радио, балки ҳатто ровиёни барномаро низ ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Шунавандагон пай бурданд, ки меҳмони барнома фарзанди ҳунарманди зиндаёд Субҳони Саид аст.

Барнома бо як таронаи басо ширини Сайёди Субҳон оғоз ёфт, ки “Борони баҳор” ном дошта, мавзӯи бародариро таҷассум менамояд. Малика, як мухлиси радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” суҳбати Маҳинаи Давлатро бо Сайёди Субҳон ёдовар шуда гуфт:

-Чанд моҳ қабл аз ҳафтаномаи “Оила” хонда будам, ки баъди марги падари бузургворатон бародаронатон аз шумо рӯй гардонидаанд. Имрӯз муносибатҳоятон чӣ гунаанд? Бо бародаронатон  оштӣ шудед?

Сайёди Субҳон ба суоли ин мухлис ҷавоб дода, аз ҷумла чунин гуфт:

-Бадхоҳон байни мо, фарзандони Субҳони Саид низоъ ангехта, аз дур тамошо мекарданд, вале ба мақсадашон нарасиданд. Хуб кардам, ки ҳамаашро тариқи газета ошкоро гуфтам. Пас аз чопи суҳбати ман дар ҳафтаномаи “Оила” бародаронам хатои худро фаҳмиданд ва ба наздам омада, бахшиш пурсиданд. Имрӯз мо, шаш писари Субҳони Саид аз як гиребон сар бароварда, бар он мекушем, ки номи падарамон, санъати бебаҳои Субҳони Саидро зинда нигоҳ дорем…

Дар рафти барнома мухлисон ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии Сайёди Субҳон мароқ зоҳир намуданд. Ин ҳунарманд чандин сирру асрори ниҳонашро ба шунавандагони барномаи “Оила” дар “Имрӯз” кушода, қайд кард, ки падару модараш бо ишқу муҳаббат оила бапо намуда бошанд ҳам, баъдан бо амри тақдир аз ҳамдигар ҷудо шудаанд ва ӯ дар тарбияи тағоҳояш ба воя расидааст:

-Ҳама мегуфтанд, ки ту писари ҳофизи машҳур Субҳони Саид ҳастӣ. Падарам тез-тез ба суроғам меомад, вале ман, ки он замонҳо хеле хурд будам, дар дил аз падар ранҷида, ҳамеша аз ӯ мегурехтам. Вақте ки бори аввал падарамро ба оғӯш гирифтам, аллакай синфи 9-ро хатм карда будам,-қисса кард Сайёд.

Адолатбону, мухлиси ҳамешагии ҳафтаномаи “Оила” ва радиои “Имрӯз” аз ин ҳунарманди ҷавон ва умедбахш хоҳиш кард, ки ба як саволаш мардона ҷавоб диҳад: -Сайёди Субҳон чанд зан дорад?

Дар посухи ин савол Сайёд табассум када гуфт:

-Иқрор мешавам, ки дар вақташ ҷавонӣ карда, бе розигии падару модарам, пинҳонӣ бо духтаре никоҳ карда будам ва аз ӯ як духтарчаи зебо ҳам дорам. Азбаски издивоҷи мо бе дуои неки волидон сурат гирифта буд, натавонистем хушбахт шавем. Айни замон бо ҳамсарам, ки падару модарам бо маслиҳату розигии ҳамдигар ва бо дуои сафеду тӯю тамошо келин карда овардаанд, зиндагӣ мекунам. Мо соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк ҳастем ва писарчаамро Субҳонҷон ном ниҳодаам. Умедворам, ки Субҳонҷони мо мисли бобои ҳунармандаш азизи дилу дидаи мардум мегардад…

Суҳбати Сайёди Субҳон бо шунавандагони радиои “Имрӯз” ду соат тӯл кашида, ҳосили хуб дод. Бо шарофати ҳамин барнома мухлисони ин ҳунарманди ҷавон аз озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” огоҳӣ пайдо намуда, ба ҷонибдории Сайёди Субҳон барга-анкетаҳои зиёде фиристоданд. Шумораи овозҳои Сайёди Субҳон пас аз барномаи “Оила” дар Имрӯз” ба 471 расида, номи ӯ дар сархати озмун қарор гирифт.

Умедворем, ки минбаъд низ ошиқони садои нотакрори Субҳони Саид нисбати фарзанди боистеъдоди ин ҳунарманди асил бетараф намонда, Сайёди Субҳонро дастгирӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои худро густариш диҳанд ва дар доираи ин ҳамкории эҷодӣ ҳар ҳафта, шоми рӯзи ҷумъа, аз соати 17:00 то 19:00 ҳафтаномаи “Оила” аз Радиои “Имрӯз” садо медиҳад.

Дар навбати худ “Оила” барои Радиои “Имрӯз” саҳифаи хосае боз намудааст ва маводҳои ҷолиби ин шабакаи машҳури радиоиро пешкаши хонандагони ҳафтанома месозад.

Хонандагони азиз, ба мо нависед, ки дар барномаҳои минбаъдаи “Оила” дар “Имрӯз” кадом ҳунармандонро дидану шунидан мехоҳед.

Ҳатман ба мо нависед, ки дар ҳафтаномаи “Оила” дар бораи кадом ровиён ё барномаҳои радиои “Имрӯз маълумот гирифтан мехоҳед. Мо албатта ҳунарманди дӯстдоштаи шуморо ба сифати меҳмон ба ин барнома даъват намуда, шуморо аз навгониҳои эҷодӣ ва сирру асрори зиндагиаш огоҳ месозем ва дар саҳифаи ҳафтаномаи “Оила” дар бораи ровиёни писандида ва барномаҳои дӯстдоштаатон маводҳои ҷолибро пешкашатон мегардонем.

Агар дарди дилатонро гуфтан мехоҳед,

Агар ниёз ба маслиҳат доред,

Агар мехоҳед маслиҳат диҳед,

Агар савол ё пурсише доред,

Агар бо ровиёни шинохтаю барномаҳои машҳури радиои “Имрӯз”аз наздик шинос шудан мехоҳед,

Агар мехоҳед сирру асрори ситораҳои санъати тоҷикро бидонед, ҳатман ба мо занг занед!

Телефонҳо барои тамос: 44-600-45-32, Радиои Имрӯз

  • ва 985-81-89-81, ҳафтаномаи “Оила”

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *