Зулфия ДАВЛАТЗОДА, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Зиндагинома. Зулфия Давлатзода 13-уми марти соли 1974 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо ихтисоси филологияи шарқ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти кориашро соли 1997 ҳамчун хабарнигори Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз карда, сипас солҳои 2007-2008 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Аз соли 2008 то соли 2015 дар мансаби сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ ва директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ» кор кардааст.

Солҳои 2015-2020 дар вазифаҳои муовин ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2020 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *