Тафсилоти баста шудани роҳҳои Душанбе ва Бохтар

Имрӯз, 25 –уми март роҳҳои автобилгарди чанде аз кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бинобар баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баста мешаванд.

25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ ва 28-30 март аз соати 07:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С.Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии  халқҳо маҳдуд мегардад.

Тавре аз мақомоти шаҳри Душанбе хабар доданд, маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон мебошад.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *