Қимматӣ дар арафаи Рамазон. Магар  мусалмонӣ чунин аст?

Борҳо таъкид шудааст, ки боло бурдани нархи маҳсулот дар арафаи моҳи шарифи Рамазон гуноҳ аст. Аммо чаро бархе тоҷирони мо инро ба эътибор намегиранд ва бо сӯйистифода аз моҳи Рамазон фоидаи бештару муфт ба даст меоранд? Магар  мусалмонӣ чунин аст?

Шикоят аз бозор

Аллакай сокинони кишвар бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Чанд рӯзи охир арзиши равғани растанӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои ғизоӣ рӯ ба қиматшавӣ овардааст. Агар як — ду ҳафта пеш 1 литр равғани растанӣ 18-20 сомонӣ буд, ҳоло ба 25 сомонӣ расидааст. Тухму шакар, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал майли қиматӣ доранд. Аҷиб, дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки дар арафаи ҳар ид дилхоҳ маҳсулот қимат мешавад. Бархе тоҷирон инсофро як тараф гузошта, дар фикри бештар пур кардани ҷайби худ мешаванд.

Савринисо, сокини пойтахт бознишаста аст. Ӯ мегӯяд, ки гоҳ-гоҳ ба бозор барои хариди маҳсулот меравад. Ба мушоҳидаи ӯ, дар бозор қариб ки назорат нест ва нархи маҳсулот калаванда аст.

“Вақте вориди бозор мешавам, нархҳоро дида, дар ҳайрат мемонам. Маслан, нархи гӯшт дар табло якеву дар гуфтори фурӯшандаҳо дигар аст. Агар пофишорӣ кунед, бо нархи навишташуда гӯшти дилхоҳашро медиҳад. Яъне, инҷо адолат байни фурӯшандаву харидор вуҷуд надорад. Бинобар ин, бештари вақт аз ярмарка ё гӯшаҳои ташкилкардаи берун аз бозор маҳсулот мегирам. Нисбат ба дохили бозор арзонтар аст”,- гуфт номбурда.

Низомиддин бошад, дар як мағоза фурӯшанда аст. Ӯ мегӯяд, ки як моҳ инҷониб аллакай ширкатҳои яклухтфурӯш нархро қимат карданд.

— Мо аз нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ маҳсулотро харидорӣ мекунем. Вақте ба мо маҳсулотро бо нархи гарон меоранд, наметавонем онро арзон фурӯшем. Мо маҷбур мешавем чанд тангаи дигар болои он монему ба фурӯш гузорем,- илова намуд ӯ.

Аз таъкиди Абдулқодирзода то нигаронии Ҳоҷӣ Мирзо

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон борҳо аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд.

Ӯ нигарон аз он аст, ки баъзе савдогарон дар моҳи Рамазон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

«Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем. Ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”,- таъкид мекунад муфтии Тоҷикистон.

Рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Мирзо Имронов бошад, дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки тоҷири мусалмон набояд худсарона аз моҳи шарифи Рамазон сӯйистифода кунад ва нархи маҳсулотро боло барад.

“Дар моҳи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад”,- мегӯяд номбурда.

Чӣ бояд кард?

Дар пойтахт масъулини мақомоти дахлдор, бозорҳо бо ҷалби кормандони милитсия борҳо барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани арзиши молу маҳсулот дар арафаи Рамазон талош кардаанд. Аммо ба қавли сокинону таҳлилгарон, натиҷа чандон назаррас набудааст. Зеро пас аз рафтани шахсони масъул фурӯшандаҳо нархҳоро боз ба хости худ мегузоранд. Пас, чӣ бояд кард?

Баландшавии нархҳо, хусусан дар моҳи Рамазон, яке аз мавзуҳои доимии баҳс аст. Ҳарчанд мақомот барои танзими нарх дар бозор дахолат кунанд ҳам, аммо то ҳол як низоми назорату мониторинги воқеӣ вуҷуд надорад. На танҳо дар арафаи Рамазон, балки дар тамоми давраи сол бояд низоми назорату танзими нарх ҳамеша фаъол бошад. Инро метавон бо таъсиси гурӯҳҳои махсус ва иштироки намояндагони ҳукумат, кормандони шӯроҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ татбиқ кард. Ҳамчунин, системаи ҷазо барои фурӯшандаҳое, ки нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муҳим аст. Дар баробари ин, мукофот ё ҳавасмандӣ барои фурӯшандаҳое, ки маҳсулоти босифат пешниҳод мекунанд ё ба коҳиши нарх таъсир мерасонанд, самарабахш хоҳад буд. Зимнан, ба сокинон бояд имкон дода шавад, ки аз нархгузории ноодилона, боло бурдани нархи сунъии маҳсулот ба мақомот шикоят кунанд. Мисли он ки имрӯз дилхоҳ қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт дур намемонад ва ба тамоми арзу шикояти мардум расидагӣ карда мешавад.

Шумо чӣ назар доред, хонандаи гиромӣ?

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image