“Wildberries” дар Душанбе

Дар рӯзи ҷашни “Наврӯз” – 21-уми марти соли 2025, аввалин нуқтаи расмии колорасони бозори онлайнии “Wildberries” дар Душанбе ифтитоҳ хоҳад ёфт.

Тавре манбаъҳо ба “Азия-Плюс” хабар додаанд, нуқтаи фурӯши “Wildberries” дар маркази шаҳр, рӯ ба рӯи бозори маъруфи “Зелёний” ҷойгир аст. Гарчанде нуқта ҳоло расман боз нашудааст, вале таблиғоти ширкат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт дида мешавад.

“Wildberries” як платформаи онлайнии фурӯш мебошад, ки имкониятҳои гуногуни хидматрасонӣ ва молҳои гуногуни кишварҳои зиёдеро пешниҳод мекунад, аз ҷумла либос, техника, воситаҳои ороишӣ, таҷҳизот барои хона ва дигар маҳсулот. Ин платформа осон ва роҳат барои истифодабарандагон аст, ки метавонанд молро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон интихоб намуда, пардохтро ҳам онлайн ё баъди гирифтани мол анҷом диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *