Ҳакимзода таълими фарзандони Баҳодур Уроқовро зери назорат мегирад

Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сардори Раёсати маорифи вилоят, директори Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён» ва дигар ҳамкорон ба аёдати хонаводаи шодравон Баҳодур Уроқов рафта, кумаки моддии яквақта расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҳамзамон, Ғазалшоҳ Сафарзода ва Илҳом Қодирӣ барои ба Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён» ба парасторию таълим қабул намудани ду нафар фарзандони Баҳодур Уроқов бо пайвандонаш суҳбат оростаанд. Инчунин, аз фаъолият ва хидматҳои Баҳодур Уроқов ёдовар шуда, дар ҳақи марҳум даст ба дуо бардоштаанд.

Гуфта шудааст, ки шодравон Баҳодур Уроқов аз ҷумлаи журналистони муваффақи вилояти Хатлон буда, бо таҳияи матлабҳои хуби журналистӣ дар рушди соҳаҳо саҳми худро гузоштааст.

Қайд гардидааст, ки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода минбаъд низ расонидани кумак ба хонаводаи марҳум ва таълими фарзандонашро таҳти назорат хоҳад гирифт.

Ваъда додаанд, ки фарзандони Баҳодур Уроқов дар «Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён» бо либоси мактабӣ ва китоб таъмин карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *