Дар Тоҷикистон орд арзон шуд

Дар Тоҷикистон болоравии қимати бархе аз маҳсулоти зарурии ғизоӣ ба қайд гирифта шуд, вале қимати орди воридотӣ поин рафтааст.

Ҳамин тавр, халтаи 50-килоии орди воридотии навъи якум дар бозорҳои Тоҷикистон 290-300 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳамин ҳол, як ҳафта пеш нархи он 325 сомониро ташкил медод.

Ҳамасола аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллион тонна гандум ниёз доранд, ки тақрибан нисфи онро тавлидоти дохилӣ таъмин мекунад.

Тибқи омор, дар 9 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 38 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 13,6 миллион доллар ворид шудааст.

Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 638 ҳазор тонна гандум ба маблағи беш аз 217,3 миллион доллар ворид карда шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, дар 11 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 976,5 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *