Ҳушдори мақомоти милитсия ба тоҷирону соҳибкорон
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тоҷирону соҳибкорон даъват ба амал овард, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд.
Дар муроҷиатномаи мақомоти милитсияи пойтахт омадааст, ки Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои иҷрои амалҳои савоб ба шумор меравад. Дар ин моҳ ҳамагон талош менамоянд, то ки ба мардум нафърасон бошанд.
“Вале, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд. Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист”,-омадааст дар муроҷиатномаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки ҳоло вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
“Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист. Бо назардошти ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда мешавад, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд”,-таъкид мегардад дар муроҷиатнома.
Баландшавии нархҳо, хусусан дар моҳи Рамазон, яке аз мавзуҳои доимии баҳс аст. Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj вобаста ба ин маводи таҳлилӣ рӯй чоп омада буд. Дар матлаб баробари чанд пешниҳод, гуфта шуда буд, ки ба сокинон бояд имкон дода шавад, то аз нархгузории ноодилона, боло бурдани нархи сунъии маҳсулот ба мақомот шикоят кунанд. Мисли он ки имрӯз дилхоҳ қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт дур намемонад ва ба тамоми арзу шикояти мардум расидагӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ