Истгоҳи конвертории Сангтӯда омодаи фаъолият аст
27-уми феврал гурӯҳе аз рӯзноманигорон аз раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби Истгоҳи конвертории Сангтӯда, ки дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, шинос шуданд. Айни замон истгоҳ омодаи фаъолият мебошад.
Истгоҳи мазкур нахустин ва бузургтарин истгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, барои интиқоли 1300 МВт неруи барқи истеҳсолнамудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон дар мавсими гармо пешбинӣ шудааст. Сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, дар ҳудуди 25 гектар бунёд шудааст. Иншоот бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва бо иштироки бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Hitachi Energy” сохта шудааст.

Тавре намояндагони лоиҳа хабар доданд, корҳои сохтмонӣ ва санҷишҳои техникӣ бомуваффақият анҷом ёфта, истгоҳ омодаи истифода мебошад. Таҷҳизоти асосии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Шветсия, Чин, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон ворид шуда, таҷҳизоти иловагӣ низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати мушкилот ба таври автоматикӣ фаъол мешавад.
Исмоил Бобохонзода, сармутахассиси Лоиҳаи CASA-1000 дар суҳбат ба намояндагони ВАО изҳор дошт, ки тамоми таҷҳизоти истгоҳ мавриди озмоиш қарор гирифта, шиддати зеристгоҳҳои Исфара ва Турсунзода низ бомуваффақият санҷида шудааст.

Истгоҳи конвертории Сангтӯда бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз буда, қисмати асосии он ба таври автоматикӣ фаъолият мекунад ва фосилавӣ идора мешавад.
Ба таъкиди Шералӣ Ширинбеков, сармутахассиси лоиҳа, сохтмони истгоҳ бидуни таъхир ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфтааст. Бо ба истифода додани ин иншоот, интиқоли неруи барқ дар доираи тарҳи CASA-1000 вориди марҳилаи нав гардида, имкониятҳои энергетикии минтақа тақвият хоҳанд ёфт.
Истгоҳи конвертории Сангтӯда – нахустин ва бузургтарин истгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки бо ба истифода додани он Тоҷикистон қадами муҳимеро дар рушди энергетикаи минтақа мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ